Таҷрибаомӯзӣ барои мустаҳкамии донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорату малакаҳои касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкардаи онҳо равона мешавад. Ин раванд қисми асосии ҷараёни таълим ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани маҳорати касб дар асоси омӯзиши таҷрибаи кории фаъолияти муассиса, ташкилот ва корхона мусоидат мекунад.
Имрӯз бо иштироки Саид Холматов, роҳбари  таҷрибаи  омӯзгории фанҳои гуманитарии  донишгоҳ, С. Маҳмадалиев, мудири кафедраи методика ва таълими забон ва адабиёти тоҷик, роҳбарони гурӯҳҳои таҷрибаомӯзон дар факултети филологияи тоҷик бо донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик ва донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, ихтисоси фолклор, филологияи шарқ оид ба сафарбар намудани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ вохӯрӣ доир гардид.
Мақсади ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ аз ташаккул додани маҳорати касбии донишҷӯён дар асоси омӯзиши таҷрибаи фаъолияти кории муассиса, ташкилот, корхона, тақвият бахшидан ба малакаи тахассусии онҳо оид ба мустақилона ташкил намудан ва гузаронидани корҳо, қабули қарорҳои дахлдор дар ихтисоси интихобкардаашон иборат аст.
Аз ҷониби Саид Холматов, роҳбари  таҷрибаи  омӯзгории фанҳои гуманитарии  донишгоҳ оид ба рисолати омӯзгорӣ, истифодаи роҳу усулҳои фаъоли таълим ва салоҳияти омӯзгору хонанда баромад намуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ