Рӯзи 22-уми январи соли 2021 зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шарифхон Баротзода ду нафар унвонҷӯ зимни тадқиқоти илмии худ аз ду корхонаи саноатии ноҳияи Ёвон дидан намуданд.

Ганҷина Зувайдуллоева дар мавзӯи “Механизмҳои идоракунии хавфу хатарҳои сармоягузорӣ дар корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон” ва дигаре докторанти Phd  Додарбек Толибов дар мавзӯи “Такмили механизмҳои идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон” ҳангоми тадқиқоти илмӣ аз ду корхонаи саноатии ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» ва ҶДММ «Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон  сафар намуда аз наздик ошнои пайдо карданд.

Дар рафти таҷрибаомӯзи муайян карда шуд, ки ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон бо ширкати хитойии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр семент»-ро таъсис дода, 15 сентябри соли 2011 сохтмони корхонаи сементро бо иқтидори солонаи 1,0 миллион тонна дар ноҳияи Ёвон бо маблағи умумии 125 млн. доллари ИМА оғоз намудааст.

Корхона сементи хушсифати ватании тамғаи М 400 ва М 500 истеҳсол менамояд. Барои истеҳсоли семент аз кони оҳаксанги «Пусхур» (захирааш 80 млн. тонна), гилхоки «Дарагӣ» (3,1 миллион тонна) ва гаҷсанги «Чормағзак» (2,2 миллион тонна) истифода бурда мешавад, ки ба онҳо иҷозатномаи истихроҷӣ дорад.