Мувофиқи нақшаи Шӯрои бонувони донишгоҳ бо донишҷӯдухтарони факултетҳои педагогика ва варзиш, иқтисодӣ, забон ва адабиёти рус, таърих ва ҳуқуқ, филологияи тоҷик, забони англисӣ ва химия ва биология дар ду басти дарсӣ гузаронида шуд, ки дар он Наргис Нурализода, раиси бонувони донишгоҳ, Азиза  Дусматова, мутахассиси тарбия, раисони бонувони факултетҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ оид ба масълаҳои будубоши духтарон дар хобгоҳ, вазъи ахлоқиву маърифатӣ, илмомӯзиву ватандӯстӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯдухтаронро ба маърифатнокиву бофарҳангӣ ҳидоят намуда, зикр намуданд, ки имрӯз дар донишгоҳ шароити хуби фарогирии донишҷӯён ба таҳсил ва истиқомат дар хобгоҳ мавҷуд аст.  Ҳмчунин, донишҷӯёнро мебояд, ки аз худ дараҷаи баланди маърифатнокӣ нишон дода, баҳри ташаккули шахсияти хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Инчунин дар бораи фарҳанги миллӣ, дар хусуси риояи низом, беҳдошт ва тартиботи дохилидонишгоҳӣ, худогоҳии миллӣ, дар бораи танзими ҷашну маросимҳо суханронӣ шуд..