Рӯзи 23-юми январи соли 2021-ум дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA – 004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фозилов Раҷабмурод Шодиевич,  омӯзгори кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.

Раҷабмурод Фозилов дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди идоракунии иқтидорҳои  обию ирригаштсионӣ дар доираи рушди устувор (дар мисоли кишварҳои Осиёи Марказӣ)” аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар хоҷагии халқ (менеҷмент), барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исайнов Ҳисайн Раҳимович  ҳимоя намуд.