Мусобиқаи футболи хурд миёни омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи аз 35 сола болои минтақаи Бохтар ҷиҳати дарёфти “Ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид, ки дар он шаҳри Левакант, ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ, Носири Хусрав, Шаҳритус ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ҳам рақобат намуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ҷамъбаст гардид:

  1. Кӯшониён – Левакант (5-0) (бохти техникӣ)*
  2. Носири Хусрав ва Шаҳритус (4:8)
  3. Ҷ. Балхӣ – ДДБ ба номи Носири Хусрав (5-0) (бохти техникӣ)*

Ҳамин тариқ, дастаҳои ноҳияҳои Кӯшониён, Шаҳритус ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ғолибиятро ба даст оварда, тибқи қуръакашии доварон бозиҳои навбатии худро оғоз намуда, чунин натиҷагирӣ гардид:

  1. Кӯшониён – ДДБ ба номи Носири Хусрав (9:10)
  2. Шаҳритус – (тибқи қуръакашӣ ба таври автоматӣ ба даври ниҳоӣ (финалӣ) гузашт)

Даври ниҳоӣ

  1. ДДБ ба номи Носири Хусрав – Шаҳритус (8:2)

Ҳамин тавр, омӯзгорон ва кормандони аз 35 сола болои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барандаи “Ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар минтақаи Бохтар дониста шуд.

http://ikm-khatlon.tj/ddb-ba-nomi-nosiri-khusrav-barandai-Ҷom-dar-mintaқai-bokhtar