Ҳайати профессорону устодон ва кормандони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути оинаи нилгун тамошо карда, ҷонибдориву ҳамовозии худро барои дар амал татбиқ кардани он изҳор намуданд.

Дар Паёми Пешвои миллат самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, он ҳамчун ҳуҷҷати муҳиму роҳнамунсоз барои ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани низоъҳои геопалитикӣ, тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла Ковид 19, норасоии озуқа ва амсоли ин тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намуда, дар ин самт созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳо тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки дар Паём дар баробари баррасии дигар масъалаҳои муҳим ба вазъи соҳаи маориф ва илми кишвар низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки танҳо дар давоми соли сипаришуда аз ҳисоби буҷаи давлат ва соҳибкорони ватандӯст беш аз 150 муассисаи таълимӣ бо 63 ҳазор ҷойи нишаст сохта мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло сохтмони даҳҳо муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома доранд, ки бо бунёди онҳо мушкилоти ҷойи нишаст бартараф хоҳад гардид. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ аз он дарак медиҳад, ки рушду инкишофи ҷомеаро бидуни соҳаи маориф ва илм тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ, инкишофи нутқ, пайдо намудани истеъдодҳои нави сухандону суханвар, тақвияти ҳофиза ва рушди маънавии сокинони кишвар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардид, ки дар он садҳо нафар иштирок намуданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид доштанд, ки озмунҳои мазкур дар солҳои минбаъда низ ташкилу баргузор гардида, натанҳо иштирокчиёну ғолибон, балки устодону волидайни онҳо ҳам қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар Паём зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд, ки ҳамасола беш аз 240 ҳазор нафар донишҷӯён ин муассисаҳоро бо ихтисосҳои гуногун хатм менамоянд. Пешвои миллат дастур доданд, ки ба сифати омодакунии мутахассисон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад. Боло рафтани стипендияи аспирантону докторантон ва дигар  зинаҳои таҳсилот боиси баланд гардидани масъулияту завқи донишҷӯён гардида, онҳоро водор менамояд, ки ба омӯзишу илмҳои муосир таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд.

 

Сангимурод Шарипов, декани факултети

филологияи тоҷики Донишгоҳи

давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав