Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии намояндагони Сафорати Амрико ва Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ бо Раёстаи донишгоҳ тариқи онлайн оид ба кӯшоданиГӯшаи Амрико” барои такмили забони англисӣ дар байни омӯзгорон, магистрон ва аспирантони донишгоҳ машварат намуданд.

Дар кори машварат Ҷ. Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, К. Мирзозода, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, Х. Ҷабборов, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва Н. Раҷабов, декани факултети забони англисӣ иштирок доштанд.

Нахуст, Асекс Нопп, намояндаи Сафорати Амрико оид ба масоилӣ фарҳангӣ дар бораи фаъолияти барномаи “Маркази захиравии омӯзишии забони англисӣ маълумот доданд.  Ҳамчунин, Джейс Ливингстон, иҷрокунадаи директори Шӯрои амрикоӣ доир ба таъсиси ERC, дастоварду мувафақиятҳои Шӯро, ҳадафи он дар оянда суханронӣ намуданд.

Матлюба Мамадҷонова, директори Шӯрои амрикоӣ дар Тоҷикистон, ки донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ аввалин марказро таъсис додаанд маълумот пешниҳод намуда барои дар оянда, ки дуввумин марказ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъсис меёбад хулосаҳои худро пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни суханронӣ М. Мамадҷонова пешниҳод намуд, ки тамоми ҷараёни таъсис додани “Гӯшаи Амрико”-ро дар донишгоҳ таҳти назорат гирифта барои омода намудани ҳуҷҷатҳо кумак мерасонанд.

Ҷ. Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия барои ҳамкорӣ минатдорӣ намуда ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ