Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи сиёсати дохилӣ ва хириҷии кишвар ба Маҷлиси олии мамлакат санаи 26.01.2021 ироа гардид. Дар ҳақиқат Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар даврае пешниҳод гардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба таҷлили ҷашни пурифтихори миллӣ, яъне 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.   

Мо аҳли омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чун дигар сокинони кишвар Паёми Президенти мамлакатамонро ба Маҷлиси Олии кишвар сарҷамъона, бо руҳу илҳоми тоза тамошо намудем.

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дар баробари дигар бахшу соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, ба рушду нумуи соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандӯрустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ва занон, натиҷагирӣ аз қабули як қатор барномаҳои давлатӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар диққати махсус зоҳир карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сароғози Паём аз вазъиятӣ ноороми сайёра ва авҷи бемории сироятии коронавирус дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид”.

Чун ҳарсола дар баробари дигар соҳаҳои калидии кишвар меҳвари Паёми солонаро таваҷҷуҳ ба соҳаи илму маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон фаро гирифта, роҳбарияти мамлакат аз дастовардҳову комёбиҳо ва иҷрои саривақтии барномаҳои давлатии қабулшудаи соҳа ибрози андеша намуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”.

Таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ва соҳибмаълумот гардонидани онҳо, яке ҳадафҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар хоса Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар даврони солҳои соҳибистиқлолии кишвар марҳила ба марҳила таҳсилӣ донишҷӯёни кишварамон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварҳои пешрафтаи хориҷа зиёд гашта истодааст. Дар Паёми имсола ба масъалаи мазкур диққати махсус дод шуда, чунин қайд гардид, ки “Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд”.

Дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, соҳибкасбу бомаърифат ва ба ҷойи кори доими таъмин намудани ин қишри ояндасози ҷомеа аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои ноил гардидан бо ин мақсад як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шудааст. Дар асоси ин гуфтаҳо Президенти мамлакат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлис Олии мамлакат аз иштирок ва нақши ҷавонон дар суботу оромии кишвар изҳори қаноатманди намуда, чунин иброз намуданд, ки “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад”.

Гуфтаҳои боло ҷамъбаст намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки  имрӯзҳо мо – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ҳадафу вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда,  дар баланд бардоштани сифати  таълиму тарбия, тарбияи насли ҷавони кишвар дар роҳи худшиносии миллию ифтихори ватандорӣ ва дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни умумимиллӣ, яъне 30 – солагии Истиқлолиятӣ давлатӣ саҳми созанда гузошта бошем.  

Эмомалӣ Набизода,

омӯзгори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети Сиёсат ва идораи давлатӣ