Имрӯз 3-юми феврали соли 2021-ум дар гурӯҳи корӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раис шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин аз «Маркази илм-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ»-и назди Институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ дидан карданд.

Ба гурӯҳи корӣ иттилоъ дода шуд, ки масъалаи таъсиси «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» дар дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 26-уми январи соли 2021 мавриди барраси қарор гирифта дар назди Институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» таъсис дода шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати муаррифии «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро ба нақша гирифтааст, ки санаи 12-13-уми марти соли 2021-ум баргузор мегардад.

Аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо қарори Шўрои олимон Раҷабалӣ Худоёрзода, директори «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» таин гардид.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ