Бо ибтикори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар доир ба ташвиқу тарғиби асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он Ш. Асомиддинзода, мушовири ректор, Ш. Баротзода, сардори Раёсати илм ва инновтасияи донишгоҳ, А. Саидов, мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд.

 

Мизи мудаввари мазкур бо сухани ифтитоҳии Ш. Асомиддинзода, мушовири ректори донишгоҳ оғоз гардид.

Омӯзгорони кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ С. Мирзомуродов дар мавзӯи “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” – қисми 1 ва қисми 12 ва М. Маҳмадсаидов дар мавзӯи “Сарнавишти миллати соҳибтамаддун баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ