Дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нишасти матбуотӣ Сарраёсати молияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Назарзода Бахтиёр, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2020-ум аз ҳисоби даромадҳои худӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1218,5 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда 1256,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 37,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз руи маълумотҳо ба ҳолати 1 январи соли 2021 бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмуъ маблағи 189,9 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали сол 21,0 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

— Қисми зиёди бақияпулиҳоро андози иҷтимоӣ 111,8 млн. сомонӣ 60 фоиз ва 40,0 млн. сомнӣ 21 фоизро ҷаримаҳо ташкил менамояд, зикр намуд Б. Назарзода зимни нишасти матбуотӣ. — Бақияпулии андозҳоро шаҳру ноҳияҳои Бохтар — 4 млн. сомонӣ, Вахш — 4,8 млн. сомонӣ, Хуросон — 3,1 млн. сомонӣ, А. Ҷомӣ — 2,4 млн. сомонӣ, Ҷайҳун — 2,3 млн. сомонӣ, Восеъ — 5,8 млн. сомонӣ, Шаҳритус — 4 млн. сомонӣ ва Фархор — 364 ҳазор сомонӣ бақияпулиҳоро нисбат ба аввали сол зиёд намудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 1 миллиарду 571 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои музди меҳнат 1251 млн. сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 281 млн. сомонӣ идрорпулӣ 2,7 млн. сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо 9,6 млн. сомонӣ ва барои пардохтҳои хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 27 млн. сомонӣ равона карда шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 477,9 млн. сомонӣ 98 фоиз ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 90,7 млн. сомонӣ 78 фоиз дар маҷмуъ 568,6 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардиданд.

Дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят бо мақсади дастгирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти татбирҳои пешгирӣ ва паҳншавӣ аз бемории короновирус, муолиҷаи саривақтии беморон ва кӯмак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, махсус, бақияи озоду даромади шаҳру навоҳи 14,1 млн. сомонӣ ҷудо гардид.

Комрони БАХТИЁР, “ХАТЛОН”