Имрӯз 5-уми феврали соли 2021 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили Рӯзноманигорони ҷавон” доир гардид.  Дар маҳфил Зулайхо Гоибова, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Новый Хатлон”, Сангимурод Шарифов, декани факултети филологияи тоҷик, Ҷумъахон Бобохонов, роҳбари маҳфил, омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ иштирок доштанд.

Нахуст, Сангимурод Шарифов, декани факултети филологияи тоҷик меҳмононро хуб истиқбол намуда аҳамияти рӯзномаи ” Новый Хатлон”-ро ба рӯзноманигорони ҷавон шарҳ дод.

Зулайхо Гоибова, сармуҳаррири рӯзномаи “Новый Хатлон” аз фаъолияти корӣ, хотираҳо ва қадамҳои нахустин дар соҳаи журналистика қисса кард. Мавсуф ба рӯзноманигорони ҷавон барои ноил гардидан ба муваффақиятҳо ва густурда ба роҳ мондани фаъолияти эҷодӣ тавсия дод, ки мутолияи китобҳои соҳавию бадеиро ҳарчи бештар ба роҳ монанд.

Инчунин, ба рӯзноманигорони ҷавон тавсия дод, ки дар баробари забони давлатӣ бо забонҳои хориҷӣ низ фаъолияти худро густурда ба роҳ монанд.

 

Баъд аз суханронӣ аъзоёни маҳфил   ба сармуҳаррири рӯзномаи “Новый Хатлон” саволҳо дода ҷавобҳои мушахас гирифтанд.

 

Дар ин замина Зулайхо Гоибова иброз дошт, ки дари мактаби эҷодии рӯзномаи “Новый Хатлон”  барои қабули донишҷӯёни хоҳишман барои ҳамкорӣ ҳамеша боз аст.

 

Дар охир, роҳбари маҳфил Ҷумъахон Бобохонов ба Зулайхо Гоибова барои қабули даъват ва иштирок дар маҳфил изҳори сипос намуд.

Мизробшо Назиров