Имрӯз 4-уми феврали соли 2021-ум дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрӣ бо донишҷўёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунандаи донишгоҳ доир гашт, ки дар он Назарзода Ризо Шодӣ, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия иштирок доштанд.

Мулоқотро муовини ректор оид ба тарбия Холмурод Раҷабзода оғоз намуда, оид ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати донишазхудкунии донишҷӯён, истифодабарии самараноки имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳ ҷиҳати фарогирии ҷавонон ба илму дониш ва иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ибрози андеша кард.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ дар вохӯрӣ зикр намуд, ки ҷорӣ намудани квотаи Президентӣ барои ҷавонони соҳибистеъдод як навъ ғамхории ҳимматбаландонаву падарона ва бевоситаи сарвари давлат маҳсуб мегардад. Тибқи квота ҷавонон метавонанд дар муассисаҳои олии таълимии кишвар таҳсил намуда, соҳибкасб шаванд ва ба ноҳияҳои худ баргашта, хизмати шоиста намоянд.

Ректори донишгоҳ дар идомаи суҳбат қайд дошт, ки шароитҳои мавҷудаи донишгоҳ имкон медиҳанд, ки донишҷӯёни мо баҳри ташаккули маърифати зеҳнии хеш масъулияти бештар пайдо намуда, ҳамчун мутахассисони дорои малакаву маҳорати олии кордонӣ дар бозори меҳнат омода ва ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ Назарзода Ризо Шодӣ, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақши ҷавонон дар бозори меҳнат ва истифодабарии потенсиали зеҳнии онҳо баҳри рушди кишвар суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони дорои малакаи олии кордониву ташкилотчигӣ ва ихтисосҳои хусусияти технологидошта ниёзи бештар пайдо кардааст. Ин ҳолат аз ҷавонони мо низ талаб менамояд, ки ба ҷараён ворид гарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли ҷорӣ дар 9 факултети ДДБ ба номи Носири Хусрав аз 16 шаҳру ноҳияҳо 574 нафар донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ машғули таҳсиланд, ки аз онҳо 362 нафарашон духтарон ва 212 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд.

Дар охир, миёни донишҷӯён бо ректори донишгоҳ саволу ҷавоб ва суҳбати ошкоро сурат гирифт.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ