Имрӯз дар кафедраи андоз ва андозбандии факултети менеҷмент ва низоми гумрук мафҳили навбатии илмии донишҷӯён бо номи “Андозситони ҷавон” баргузор гардид, ки дар он Ш. Баротзода, сардори Раёсати илм ва инноватсия, Шодмон Бақоев, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, Расул Турсунов, роҳбари маҳфил суханрони намуда нақшаи кории маҳфилро ба сами ҳозирин расонид.

Шеравган Тағойхонзода, донишҷуи курси 3 ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи “Низоми андози Аморатҳои муттаҳиди Араб” баромад намуд.

Зикр карда шуда, ки мушкилоти андозҳо яке аз мураккабтарин ва зиддиятнок дар амалияи ҷаҳонии идоракунии иқтисод мебошад. Андоз ин ҷамъовариест, ки аз ҷониби давлат муқаррар карда мешавад ва дар асоси қоидаҳои оинномавӣ барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ ситонида мешавад. Андозҳо бо мавҷудияти давлат алоқаманданд. Он ниёзҳо ва сохтори иҷтимоиро муайян месозад.

Дар идомаи суханронӣ нақши андозро якуминдараҷа ҳисобида системаҳои андозбандӣ дар кишварҳои гуногун аз якдигар фарқ меҳисобад.

“Аз рӯи сохт, маҷмӯи андозҳо, усулҳои ситонидани онҳо, меъёрҳои андоз, ваколатҳои фискалии сатҳҳои гуногуни ҳукумат, манбаи андоз, имтиёзҳои андоз. Ин табиист, зеро системаҳои андоз таҳти таъсири шароити мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ рушд карданд ва идома доранд” – афзуд дар баромаи худ Шеравган Тағойхонзода, донишҷӯи курси 3 ихтисоси андоз ва андозбандӣ.

Сипас, мавзӯи мазкур аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён муҳокимарони гардид.

Барои дар сатҳи баланд омода ва гузаронидани маҳфили “Андозситони ҷавон” аз ҷониби Ш. Бақоев, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ ба донишҷӯ З. Алиев бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Муъминзода Неъматулло,

котиби маҳфили “Андозситони ҷавон”