Имрӯз бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзеи «Зағиртут» дар масофаи 1, 5 километр ҷӯйбор канданд то зироати кишкардаашон бо об таъмин гардида хуб парвариш ёбанд.
Мавзеи хоҷагии таълимию таҷрибавии “Зағиртут”– и шаҳри Леваканд 5 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 3 гектарашро майдони боғ ишғол мекунад. Дар мавзеи номбурда 782 бех дарахти мевадиҳанда аз ҷумла (анор, ангур, анҷир, себ, зардолу, гелос, олуча, нок, бодом, олу, тут, санҷит, хурмо, чормағз), 170 бех дарахти ороиши сояафкан нашъунамо дорад.
Айни замон картошкаи баҳорӣ шинонида шудааст. Самаранок истифода бурдани замини таҷрибавӣ зери таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ