Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи тарбия дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқоту вохӯриҳо оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, риояи реҷаи даромад, тозагии ҳуҷраҳои зист, роҳравҳо, ҷойҳои истифодаи умумӣ ва истифодаи самараноки вақт пайваста гузаронида мешавад.

Дар суҳбат- вохӯрӣ Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, Табасум Тағоева, мудири кафедраи назария ва типалогияи факултети забони англисӣ, Наргис Нурализода, раиси бонувон, Меҳроҷ Ғуломов, раиси ҷавонон, Азиззода Рухсора, сардори бақайдгирии хобгоҳ, Маҳбуба Сафарова, ҳамшираи шавқат, Гулсифат Сафарова ҳамшираи шавқат ва донишҷӯён иштирок ва баромад намуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ