Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба масъалаи таърихи пайдоиш, рушду инкишоф ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бахшида шуда, аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома иборат аст.

 Китоби мазкур 492 саҳифаро дар бар гирифта, бо аксу тасовири ба мундариҷаи китоб вобаста зиннат дода шудааст. Ин китоби пурарзиш соли 2016 аз тарафи нашриёти «Эр-граф», дар шаҳри Душанбе бо сифати баланд ба табъ расидааст. Ҳадафи аслии китобро муаллиф дар эпиграфи он чунин баён кардааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Сарвари Давлат дар идомаи таҳқиқоти худ забони тоҷикӣ (форсии дарӣ)-ро мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод гуфтааст: «Ин забон дар давраи ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду боландагӣ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид, зеро амирони сомонӣ мисли Яъқуби Лайси саффорӣ ба забону адаби мардуми худ муҳаббати фаровон доштанд ва ба ҳимояту тарбияти шоиру нависандагони ҳамзабони хеш сахт камари ҳиммат баста буданд».

Хулоса забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) то ҳамлаи муғул новобаста аз ҳаводиси рӯзгор ва шебу фарози таърих вижагиҳои ноби забони асилро дар худ нигоҳ дошта тавонистааст, ки дар набарду муҷодила бо забони тавонои диниву идориву давлатии ин замон – забони арабӣ на танҳо истодагарӣ кунад, балки тадриҷан дар сарзамини васеъ, аз Ҳинду Чин то Осиёи сағир ба забони байналмилалӣ табдил ёбад.

Китоби «Забони миллатҳастии миллат» аз ҷомеътарин асарҳои илмӣ дар соҳаи таърихи забони тоҷикӣ буда, муаллифи он – Пешвои муҳтарами миллати мо афкору андешаҳои гуногуни донишмандони гузаштаву имрӯзро вобаста ба рушду инкишофи тадриҷии забони тоҷикӣ хулосаву ҷамъбаст намудааст.

Хулоса, китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» аз ҷомеътарин асарҳои илмӣ дар соҳаи таърихи забони тоҷикӣ буда, муаллифи он – Пешвои муҳтарами миллати мо афкору андешаҳои гуногуни донишмандони гузаштаву имрӯзро вобаста ба рушду инкишофи тадриҷии забони тоҷикӣ хулосаву ҷамъбаст намудааст.

 

Ҳ. РАҶАБОВА,

омӯзгори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ