Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм таҳти унвони “Занон ва рушди илми муосир” баргузор гардид, ки дар он 6 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар он иштирок намуданд.

Конференсияи мазкур аз 5 бахш – филология – 28 маърӯза, табии риёзӣ ва тиббӣ- 12 маърӯза, иқтисодӣ – 15 маърӯза, педагогика ва методикаи таълим 34 маърӯза ва таъриху сиёсатшиносӣ -22 маърӯзаро дар бар гирифта аз он  40 маърӯза аз омӯзгорони Донишгоҳи далатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.

Дар охир, ба Дилором Маҳкамова, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ,  Кибриё Мирзоева, сардори Раёсати байналмилалӣ, Сиддиқова Зуҳро, омӯзгори кафедраи педегогика ва психология,  Сабоҳат Шамсуллоева, мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ,  Наргис Нурализода, саромӯзгори кафедраи молия, Қурбоной Резмонова, унвонҷӯи кафедраи биология барои бо сипоснома қадрдонӣ шуданд.