Тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетӣ ҳар лаҳза такрор ба такрор огоҳ мегардем, ки соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир яке аз сердаромадтарин бахшҳои иқтисодӣ буда, нақши он дар бой ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлатҳо хеле бузург мебошад. Бахусус давлатҳое, ки табиати зебо, манзараҳои дилнишин, кӯҳҳои баланди барфпӯш ва ёдгориҳои таърихӣ доранд, диққати сайёҳонро бисёртар ҷалб менамояд.

 

Дар замони кунунӣ дар дунё кишварҳои зиёде ба монанди Туркия, Дубай, Италия, Олмон, Амрико ва дигар давлатҳое ҳастанд, ки аз ҳисоби рушди соҳаи сайёҳӣ миллионҳо фоида мебинанд. Бояд гуфт, ки дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қаламрави худ калонтарин мамнуъгоҳ ва парваришгоҳҳоро ба мисоли «Бешаи палангон», «Ромит», «Искандаркӯл», «Сари Хосор», «Зоркӯл», Зарафшон, Даштиҷум, Дараи Камароб, 44-чашма, «Қайроққум», «Саразм», «Сафед-Дара» ва дигарҳоро доро мебошад. Дар воқеъ, Ватани азизу дилороямон, ҳамчун кишвари кӯҳсор дорои имкониятҳои бузурги рушди сайёҳӣ мебошад. Беҳуда нагуфтаанд: «Тоҷикистон сарзаминест, ки дар ин ҷо осори тамаддуни ҷаҳонӣ дида мешавад ва меарзад, ки чандин маротиба аз ин кишвар дидан карда шавад. Сайёҳон метавонанд бо дили пур барои тамошои ин кишвар биёянд ва аз сафари худ ба Тоҷикистон пушаймон нахоҳанд шуд».

 

Бешубҳа метавон гуфт, ки соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ягона заминаест баҳри муаррифии таъриху фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, шиносонидани манзараҳои зебою дилписанди кишвар. Айни замон мамлакати мо дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ буда, бо табиати дилангезу зебоманзараш дили ҳазорон хориҷиёнро тасхир намудааст.

 

Сулҳу субот ва оромӣ шароити муҳимтарини рушди иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ мебошад. Боиси хушбахтист, ки дар кишвари мо барои рушд ва такмили сайёҳӣ тамоми заминаҳои муҳимтарин фароҳам ва иқтидору имкониятҳо фароханд. Мамлакати мо дорои арзишҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, иқлими мӯътадил ва табиати зебою рангин мебошад. Муҳим ин аст, ки рушду тараққии воқеъии соҳаи туризми кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо назардошти ин, бо эътимод метавон гуфт, ки дар заминаи ин ҳама таваҷҷуҳ ва иқтидору имконоти соҳаи сайёҳӣ, бо суръати баланд рушд намуда, Ҷумҳурии

Тоҷикистон низ яке аз сарзамини сайёҳон ном хоҳад гирифт.

 

Шоҳрух АЛИМУРОДОВ,

донишҷӯи бахши 5-уми факултети химия ва биология