Дар толори Кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии Икром Фатҳулоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Мирзозода Кибриё сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, Азиззода Рухсора, сардори бақайдгирии хобгоҳ, Хушдил Ҷаборов, корманди робитаҳои байналмилалӣ бо донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳ таҳсил доранд доир гардид.

Мақсади вохӯрӣ аз шинос шудан бо будубош, шароит ва раванди таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ иборат буд.

Ба донишҷӯён кормандони Раёсати робитаҳои байналмилалӣ доир ба масъалаи дар сари вақт тамдид намудани ҳуҷҷатҳо барои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳату машварат ва тавсия доданд ва дар бораи назорати доимии омадурафти онҳо, риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар донишгоҳ ва хобгоҳи он сухан гуфтанд.

Дар поёни чорабинии мазкур донишҷӯён ба саволҳои худ аз ҷониби кормандони Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.