Гурӯҳи гулпарварони назди факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, зери роҳбарии Лола Сафарова, мудири кафедраи биология ва Дилором Пириева, омӯзгори кафедра намудҳои гуногуни гулҳоро парвариш менамоянд.

Дар назди гармхона парвариши гулҳои ороишӣ роҳандозӣ гардидааст, ки айни замон нашъунамои хуб доранд. Дар гармхона алакай 50 адад гулҳо нигоҳубин шуда истодааст. Иттилоъ дода шуд, ки гурӯҳи гулпарварон шумораи гулҳоро зиёд намуда шумораи онро ба 200 адад  расонидаанд, ки дар он парвариши гулҳои газния, ливиний зев, гули шому саҳар, лола, астра ва гулҳои ороишӣ роҳандозӣ намуда дар самти сабзиши онҳо пайваста назорат мебаранд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ