Имрӯз 13-уми феврали соли 2021 дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор шуд.

Нахуст, Неъматулло Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, Паёми Президенти мамлакатро оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеаи кунунӣ донист.  Мавсуф зикр намуд, ки Паём фарогирандаи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯза буда, дурнамои ояндаи Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав дар суханрони хеш баён дошт, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст.

“Ҳар кадом аз бандҳои ин паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, хусусан омузиши китобҳои бадеӣ барои устодону донишҷӯён дар ташаккули суханронии эшон мусоидат хоҳад намуд. Бандҳои ин паём дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маориф низ равона карда шудааст”, -афзуд Давлатзода Сайфиддин.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зимни суханронии худ ҷанбаҳои ҳуқуқии Паёмро шарҳ дода, таъмини иҷроиши дастуру супоришҳоеро, ки аз Паём бармеоянд, вазифаи муҳим ва пурмасъулияти ҳар як хизматчии давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. 

Дар охир ҷиҳати амалисозии вазифаҳое, ки дар Паём зикр гардиданд, масъалагузорӣ карда шуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ