Дар замони муосир, ки ҷаҳон ба марҳалаҳои навини мураккабу печида ворид гардидааст, ташаккулу таҳаввули насли наврас ва ҷавонон дар ҷумҳурӣ дар мадди аввал қарор гирифтааст. Дар самти таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолияти худро аз пештара дида беҳтар ба роҳ мондааст.

 

Айни замон дар литсейи назди донишгоҳ ҷиҳати тарбияи маънавии толибилмон аз тамоми воситаҳои судбахш ва омилҳои мусбати муассир истифода мегардад. Имрӯз ҷомеа ба хубӣ дарк намудааст, ки ба дӯши омӯзгорон ва падару модарон рисолати бузурге гузошта шудааст, ки он тарбия ва ба камол расонидани насли худогоҳу миллатпарвар ва ватандӯсту ҳувиятхоҳ ба шумор меравад.

 

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши бардавоми насли наврасу ҷавон, мусаллаҳ гардидани онҳоро бо истифода аз васоити технологии замони муосир, донистану аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ аввалиндараҷа меҳисобанд. Вобаста ба ин, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри 21 табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои бузурги бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд».

 

Тарбия намудани насли ояндасози миллат амали саҳлу осон набуда, аз аҳли ҷомеа, омӯзгорону волидон иродат ва саъйю талоши ҳамешагиро талаб мекунад.

 

Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, ки барои такомули маънавии фарзандони худ ҷаҳони фарҳангию маърифатии онҳоро ғанӣ гардонанд. Барои бомаърифат гардидани фарзандон волиданро мебояд, дар шароити хона китобхонаи алоҳида иборат аз намудҳои мухталифи китобҳо таъсис диҳанд. Зеро маҳз таваҷҷуҳ ба китоб аст, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавони кишвари азизамон нақши муассир дорад.

 

Яке аз роҳҳои дигари тарбияи ҳадафмандонаи насли наврас рӯ овардани онҳо ба технологияи муосири замон мебошад. Истифодаи бамавриду огоҳонаи воситаҳои технологӣ, махсусан Интернет доираи ҷаҳонбинии насли наврасро васеъ намуда, зираку доно ва инчунин шахси пешрафта мегардонад. Аммо, дар ин самт бояд аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва волидон назорати қатъӣ бурда шавад, то ин ки меъёрҳои истифодаи воситаҳои техникӣ риоя гардад. Инчунин, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзишу аз худ намудани фанҳои дақиқ тақвиятбахши донишу дарк ва фаҳмиши муосир маҳсуб меёбад.

 

Замони муосир талаб мекунад, ки аҳли ҷомеа, устодону омӯзгорон, волидон дар тарбия ва ба воя расонидани насли соҳибтафаккур ва дорои ҷаҳонбинии пешрафта кӯшиши зиёд намоянд, то ин ки наврасону ҷавонон насли ватандӯсту ватанпарвар, ҳомии марзу буми кишвар, насли босадоқату босаодати миллат ба воя расанд.

 

Насимҷон НАИМЗОДА,

омӯзгори факултети математика – информатика