Ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва гурӯҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсиву геополитикии хеш аз ин гурӯҳ самаранок истифода менамоянд. Инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногун ба вуқӯъ омада истодааст, на аз ҷониби бузургсолон, балки қисми асосии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва паҳн гардидани таассуб дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва ғайра дорад, ки умуман хатари созмонҳои ифротӣ барои миллати тоҷик ва умуман аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Хосатан бо дарназардошти фарҳангу анъана, шакли диндорӣ, шароити иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ, мушкилоту хатарҳои минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани ифротгароии динӣ мушкилоти зиёдро ба миён меорад.

 

Имрӯз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар шаванд ва ба сӯи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм майл намудани онҳо пешгирӣ карда шавад. Бояд қайд намуд, ки масъалаву мушкилоти ҷавонони кишварро ба таври умумӣ дар якҷоягӣ хулоса ва баҳогузорӣ кардан душвор ва нодуруст аст. Зеро, имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ кор мекунанд ва ниҳоят, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ин тақсимбандиҳо аз як тараф зинаҳои алоҳидаи камолоти ҷавонон буда, ҳар яки ин бахшҳо масъалаҳо ва мушкилоти худро доранд, ки ҳаллу баррасии ҷудогонаро мехоҳанд.

 

Агар мушкилоти ҷавонон имрӯз қадам ба қадам ҳалли худро наёбанд, ҳукумат ба он диққат надиҳад, баъди чанд сол метавонад он ба сари ҷомеа мушкилоту масъалаҳои сангинро ба миён орад.

 

Исроил ХАЛИЛОВ,

магистри соли аввали факултаи иқтисодӣ