Дар факултети забони англисӣ маҳфили навбатии “Дӯстӣ”  баргузор гардид, ки дар он Баҳром Шарипов, ҷонишини декан оид ба таълим  ва Шаҳло  Олматова, ҷонишини декан оид ба корҳои илми факултет ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд.

Нахуст, Субҳиддин Раупов, роҳбари маҳфили “Дӯстӣ”  кори маҳфилро оғоз намуд.

Маҳфили мазкур дар мавзӯи «Барномаи давлатии такмили омӯзиш ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» бахшида шуда буд.

Аъзоёни маҳфил  А. Бухорова, М. Сафарова ва М. Муминзода оид ба мавзӯи муҳокимашаванда баромад намуданд. 

Сипас миёни иштирокчиён саволу ҷавоб оид ба мавзӯъ доир гардида кори маҳфилро боз ҳам ҷолиб намуд.

Ҳасан ҒУЛОМОВ,

котиби маҳфили “Дӯстӣ”