Имрӯз 17-уми феврали соли 2021 дар Кохи фарҳангии донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултети забони англисӣ маҷлиси падару модарони донишҷӯён баргузор шуд. Дар маҷлис Неъмат Раҷабов, декани факултет, Баҳром Шарипов, ҷонишини декан оид ба таълим, Тоҷиддин Камолов, раиси Иттифоқи касабаи факултет, Зуҳал Файзова, эдвайзери факултет   ва кураторони гурӯҳҳо ширкат доштанд.

Маҷлисро декани факултет Неъмат Раҷабов, оғоз намуда, баргузории ин гуна чорабиниро барои таҳкими робитаи оила бо муассисаи таълимӣ муҳим ҳисобид. Гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро муваззаф месозад, ки бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандашон дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ҳамеша дар иртибот бошанд, чунки таълиму тарбия яке аз масъалаҳои муҳимми имрӯзаи ҷомеа маҳсуб меёбад.

Баҳром Шарипов, ҷонишини декан оид ба таълим волидайнро бо самтҳои фаъолияти факултет, ихтисоси интихобнамудаи фарзандонашон, шароити таҳсил ва зисти онҳо шинос намуда, дар бораи ҳар як донишҷӯ ба волидайнашон маълумот дод.

Ӯ афзуд, ки барои донишҷӯён тамоми шароитҳо барои таҳсил муҳайёст, танҳо ӯро мебояд, ки дар машғулиятҳо пурра иштирок намуда, аз болои худ кор барад. Вале мутаасифона бархе аз донишҷӯён фориғболӣ карда, ба дарсҳо дер ва бе тайёрӣ меоянд.

Тоҷиддин Камолов, раиси иттифоқи касабаи факултет суханронӣ намуда, аз волидайн даъват ба амал овард, ки аз болои фарзандон кор баранд, онҳоро беназорат нагузошта, пайваста бо кураторони гурӯҳҳо дар робита бошанд ва онҳоро ба хондану илм омӯхтан водор намоянд, то дар оянда мутахассиси варзидаи соҳаи худ шаванд.

Инчунин, аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки барои сари вақт ба дарс ҳозиршавӣ ва риояи пӯшидани либоси тавсиявии фарзандонашон ҳамеша зери назорат гиранд.

Дар охир, падару модарони донишҷӯён аз синфхонаҳои таълимии факултет дидан карда, ба роҳбарияти факултет бобати муҳайё кардани шароити мусоид барои донишҷӯён изҳори миннатдорӣ намуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ