Машғулиятҳои варзишӣ барои мустаҳкам намудани саломатӣ, инкишоф ёфтани ҷисми инсон ва ташаккул додани малакаҳои муҳими ҳаётӣ, гузаронида мешавад. Гузаронидани як қатор машқҳои ҷисмонӣ барои инкишофи қаду қомат, сабзиш ва фаъолияти организми инсон аҳамияти калон доранд.

 

Варзиш шахсро аз бисёр одатҳои ношоиста пешгирӣ намуда, саломатии ўро барқарор месозад. Ҳама гуна машғулиятҳои ҷисмонӣ бо риояи талаботи санитарию гигиенӣ доир карда мешаванд. Талаботи асосӣ зимни варзиш маҳалли машғулият, таҷҳизоти мавриди ниёз, либоси махсуси варзишӣ ва пойафзоли варзишӣ мебошанд.

 

Машғулиятҳои ҷисмонӣ беҳтар аст, ки дар ҳавои кушод бо риояи меъёрҳои ҳароратӣ дар майдончаи варзишии муассисаи таълимӣ, дар боғ ва ё дар шароити деҳот доир карда шаванд. Дар наздикии партовгоҳҳо ва майдончаҳои пур аз гарду чанг ба варзиш машғул шудан дуруст нест. Дар дохили биноҳое, ки машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ доир карда мешаванд талаботҳои муайяне бояд риоя гардад. Барои он ки хонандагон либосҳои мактабии худро ба либосҳои варзишӣ иваз кунанд, бояд макони махсусе таъйин карда шавад.

 

Ҳалим ШАРИПОВ,

омўзгори кафедраи тарбияи

ҷисмонӣ ва омодагии

дифои ҳарбӣ