Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар он омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда ба худ маълумотҳои муфид ва заруриро, ки дар ҷаҳони имрӯза ҷой дорад пайдо намуданд.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав меҳмононро хушомадед гуфта, иброз намуд, ки муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, ииқисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад.

“Ба таври ҷузъӣ назар намоем, яке аз масъалаҳо ин маориф мебошад.  Фарзандони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат сафарбар кардааст”, -афзуд С. Даслатзода.

Ректори донишгоҳ яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошанд.

Дар ин баробар Фирдавс Холиқов, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон зимни баромад иброз доштанд, ки тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд. Махсусан дар ин замина Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Фирдавс Холиқов дар суханрони қайд намуд, ки ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Гуфта шуд, ки душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернети ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интақом қарор медиҳанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.

“Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем”, -зикр намуд муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон.

 Амирзода Аловиддин, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон дар баромади худ қайд дошт, ки Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба кувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзиш бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷӯхи хосаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст. Пас аз қабул шудани ин санад яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқату орият, бофарҳангиву маданиятнокӣ оғоз гардад.

 Ба ҷавонон даъват ба амал овард, ки Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи карда рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созем.

Муҳмурод Раҳмонов, омӯзгори факултети филологияи тоҷик суханрони намуда зикр кард, ки ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.

Ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин аз номи худ барои чунин як суҳбати пурмӯҳтаво изҳори қаноатмандӣ намуданд. Донишҷуён низ дар навбати худ зикр намуданд, ки аз ин вохӯрӣ таассуроти нек гирифта, дониши ҳуқуқии худро тақвият бахшиданд. 

Дар охир ба  Сайфиддин Давлатзода, ректори донишгоҳ, Холмурод, Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, Дилором Маҳкамова, удири кафедари рӯзноманигорӣ, Казаков Рустам, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик ва К. Расулов, сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ бо сипосномаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ