Гурӯҳи донишҷӯён ва омӯзгорони факултети забони русӣ зери роҳбарии Муқаддас Рустамзода, декани факултет аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авесто” дидан карданд.

 

Осорхонаҳо дар замони муосир имконияти бештареро дар таҷассуми таърихи диёр доро ҳастанду маълумотҳои таърихиву илмиро бо асноди воқеӣ чун ангораву бозёфтҳои археологӣ ва маводҳои мондагор барои имрўзиён манзур месозанд.

Аз ин рў, таърихи водии Вахш дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авесто” низ маҳфуз мебошад.

 

Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авесто” маконест, ки барои ҳар як сокини кишвар аз мавҷудияти деринаи миллат дарак медиҳад, саҳифаҳои корномаҳои халқу миллатро боз мекунад ва ошноӣ бо он дар худшиносии миллӣ, баланд шудани сатҳи маърифату дониши инсонҳо муассир мебошад.

 

Дар дохили осорхона нигораҳо чун баёнгари воқеаву рўйдодҳои чандинҳазорсолаи гузаштагони бонангу номуси мо инъикос ёфтааст.