Имрӯз 18-уми феврали соли 2021 дар кафедраи педагогика ва психологияи донишгоҳ зери роҳбарии Зуҳро Сидиқова, роҳбари машварати илмӣ-методӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони кафедраи педагогика ва психология иштирок намуданд.

Парвина Азизова, омӯзгори кафедра дар мавзӯи “Баъзе ақидаҳои психологии Абуали ибни Сино оид ба соҳаҳои зоҳиршавии психика” баромад намуд. Дар суханронии худ зикр намуд, ки андешаҳои Ибни Сино доир ба психика табиати материалистиро дошта, қайд мекунад, ки фаъолияти психикӣ бо фаъолияти системаи асаб алоқамандии зич дорад. Вазифаи асосии системаи асаб – ин таъмин намудани алоқаи организм бо олами беруна мебошад. Олим сабаби зуҳуроти ҳодисаҳои психикиро дар протсессҳои физиологӣ медид. Организм ва муҳит, узвҳо ва вазифаҳои онҳо дар ягонагию алақамандии байниҳамдигарианд. Оид ба ин масъала Ибни Сино менависад: «Нафс вазифаи мағзи сар аст ва вақте ки дар тафаккури мағзи сар вайроншавӣ аст, ин далолат ба он мекунад, ки дар худи мағзи сар ягон иллате, нуқсоне ҳаст». Бемориҳои рўҳӣ низ бо сабаби тағйирёбии вазифаҳои мағзи сар рўй медиҳанд.
Дар ин машварат омӯзгори дигар Махфират Каримова оид мавзӯи “Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар боби муносибатҳои муҳити солим дар оила” баромад намуд.
Ҳамчунин, дар ин машварати кафедра муҳокима ва арзёбии дарсҳои кушоди омӯзгорон Шарифа Каримова дар мавзӯи “Методҳои таълим” ва Идибек Шарипов, дар мавзӯи “Фаъолият баромад намуданд.
Дилрабо Ойматова,
котиби роҳбари машварати илмӣ-методӣ
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав