Агар шумо чӣ кор карданатонро намедонед…

Агар роҳи баромадан аз мушкилиҳоро намеёбед…

Агар барои расидан ба хостаҳоятон монеаҳои зиёде Шуморо сади роҳ шудаанд…

Агар Шумо аз барҳамхӯрии дӯстиатон хабар доред, аммо онро намедонед, ки чӣ тавр пешгирӣ кунед…

Агар Шумо кори фоидаоваре карда наметавонед…

Агар даричае ба сӯи фардо мекобед…

 

Шахсе, ки ба ин ҳама «агар»- ҳо «дармон» шуда метавонад равоншинос аст. Ба ин хотир, мо гӯшаи «Равондармонӣ «-ро таъсис дода, зери ин рубрика аз маслиҳатҳои судманди равоншиносон ба Шумо маълумот хоҳем дод.

 

Ҳаёт мисли тасвир аст. Рангу ороишоташ ҳам дар дасти худи инсон буда, аз он чӣ тавр истифода мебарад ва зиндагиашро чӣ гуна оро медиҳад, ба худаш вобастагӣ дорад.

 

Равоншиносон тавсияву маслиҳатҳои муфиду ҷолибро дар хусуси муҳайё сохтани ҳаёти мувофиқи мақсад — хуш, ором, осударо бароятон пешниҳод менамояд. Муҳимтарин рукни ба танзим даровардани зиндагиро аз нигоҳи муттахасис бубинед:

 

ХОБИ КОФӢ

Инсон бояд на кам аз 8 соат дар як шабонарӯз хоб равад. То нисфи шаб китоб хондан, телевизор тамошо кардан ё сари компютер нишастан тавсия дода намешавад. Ин амалҳо бояд дар вақту соати муқаррарӣ анҷом дода шаванд. Беҳтар аст субҳ барвақттар аз хоб бархоста, бо кори дӯстдошта машғул шавед;

 

ДОШТАНИ НАҚШАИ КОР ҲАТМИСТ!

Ҳар рӯзи мо такрорнашаванда ва соати беамалу бефоида гузашта, чун исрофи барҳадари вақт дар дафтари аъмоламон сабт хоҳад шуд.  Ҳар субҳ бояд барои он рӯз як нақшаи муайяни корӣ тартиб дод ва аз рӯи он амал кард. Бояд дафтари муваффақиятҳо ташкил намуд ва дастовардҳоро он ҷо қайд сохт.

 

ҲАР ЛАҲЗА НЕКИЕ АНҶОМ ДИҲЕД

Дасти сахо ба нодорон, дастгирии афтодагон, кӯмак ба модари ҷавон, ором кардани кӯдаки нолон ва аз ин қабил корҳои неку шоистаеро анҷом бидиҳед, то он рӯз пеши виҷдон аз худ ризо бошед.

 

ЧИЗҲОИ МАНФИИ ЗИНДАГИРО КАНОР ГУЗОРЕД

Бо рахҳои сафеду сиёҳ зебраро ба хотир оред. Инро хуб бидонед, ки вақте инсон аз рахҳои сиёҳи зиндагӣ убур накард, ҳеҷ гоҳ саодати расидан ба сафедиро эҳсос нахоҳад кард.

 

ҲАСАД НАБАРЕД!

Рашку ҳасад яке аз ҳиссиётҳои бадтаъсирест дар зиндагӣ. Кӯшед, то орзуҳои хешро дар амал татбиқ созед, аммо ҳеҷ вақт барои расидан ба ҳадаф дар масири роҳ ба шикасти инсоне роҳ надиҳед!

 

«Фурӯғ»