Зери ин мавзӯъ донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит маҳфили навбатии  “Иқтисодчии ҷавон”-ро доир намуданд, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

 

Дар маҳфил зикр гардид, ки вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ таъмин намудани шахсони манфиатдор бо иттилооти пурра ва дақиқ оид ба ҳолати молиявӣ, натиҷаи фаъолият ва тағйироти вазъи молиявии ташкилотҳо мебошад.

Ҳамчунин оид ба мафҳумҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоби таркибӣ, ҳисоби таҳлилӣ, нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ташкилот муҳосибӣ, муҳосиби касбӣ, сирри муҳосибӣ,  ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ташкилоти касбии муҳосибон, аккредитатсия, субъектҳои дорои манфиати умум, ҳисоботи молиявӣ, феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ, сертификати муҳосиби касбӣ, амалиёти хоҷагидорӣ, сиёсати баҳисобгирӣ, стандартҳои байналмилалӣ, стандартҳои миллӣ, маҳфуздоранда, дороиҳо, ӯҳдадориҳои муҳосибӣ, сармоя, даромад, хароҷот, мақоми ваколатдори давлатӣ  ба саъми ишнирокдорон расонида шуд.

Leave a Comment