Имрӯз 22-юми феврали соли 2021-ум бо ташаббуси кафедраи андоз ва андозбандии факултети менеҷмент ва низоми гумрук дар қироатхонаи бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз пардохти андози ягонаи замин озод намудани кишоварзони мамлакат ҷамъомад баргузор намуданд.

Ҷамъомадро Хурсанд Ҳамдамзода, декани факултети менеҷмент ва низоми гумрук оғоз намуда, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва Паёми Пешвои миллатро дар рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастури ҳидояткунанда маънидод кард.

Дар идомаи суханронии Хурсанд Ҳамдамзода зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар Паёми навбати чунин баён доштанд: “Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Ҳукумати кишвар барои дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ барои пӯшонидани манбаи андози мазкур чораҷӯӣ намояд”.

Ҷурабой Собиров, муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, суханронии худ қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишваро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад.

Сипас, Ш. Баротзода, сардори Раёсати илм ва инноватсия дар мавзӯи “Низоми миллии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Муҳаммадназар Солиев, мудири бахши Маркази такмили ихтисоси кумитаи андоз дар Раёсати андози вилояти Хатлон,  дар мавзӯи “Андози ягонаи замин” ва Н. Муъминзода, доктарант PhD-и кафедра дар мавзӯи “Таҳлили муосири ҳисоб намудани андоз  аз даромади шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа”  баромад карданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ