Тоҷикистон ҳарчанд як давлати ҷавон ба ҳисоб меравад, лек ба ин нигоҳ накарда рӯз аз рӯз бо ташаббусу дастгириҳои Сарвари оқилу доно, соҳибмаърифату, ободкори кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд карда истодааст ва дар тамоми дунё ба ҳунару маҳорат, анаънаҳои миллӣ, таърихи бою қадимаи мардумони худ шинохта шудааст, ки нохалафон ин гуна пешравиҳоро дида натавониста, мехоҳанд ба сулҳу суботи он халал ворид намоянд.

Ман ҳамчун як ҷавони ифтихорманд аз тамаддуни давлату миллати сарбаланди тоҷик оид ба гуфтаҳои гурӯҳҳои хиёнаткор, алалхусус, Муҳиддин Кабирӣ чунин посух медиҳам, ки шумо дигар бо ҳиллаю найрангҳои ифротии хеш ба дидаҳои мардум ҷо нахоҳед шуд. Чунки ба хурду бузурги мамлакат аллакай бо рафтору кирдорҳои ноҷавонмардонаи худ маълум гаштаед ва ваҳдати пойдори мо, истиқлолияти комили моро халалдор карда наметавонед. Мо Сарвари оқилу доно, сиёсатмадори варзидаю ватандӯсти асил дорем. Дар лаҳзаҳои мушкил, ки Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, Пешвои муаззами мо тавонист мардумро аз ҷанги шаҳрвандӣ ва фақру нодорӣ наҷот диҳад. Ӯ тавонист, ки дар миёни тиру оташ ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар намояд, бо халқ рӯ ба рӯ шавад, мардумро ба ояндаи нек дилгарм созад, аз аҳволи онҳо бохабар шавад. Ин ҳама дар хотироти миллат боқист.

Ман низ ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб ҳама неруи ҷавонии худро баҳри пешравии давлату миллат равона сохта, кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки пайрави сазовори Пешвои миллат бошам.

 

 Меҳроб Беков, 

донишҷӯи  ДДБ ба номи Носири Хусрав