Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангӣ ва қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва тақдири ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста изҳор медоранд, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷабҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият карда меоянд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар соҳаҳои гуногун таҳсил карда, соҳиби касбу тахассусҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол зарур мебошанд. Қадамҳои аввал дар роҳи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 – уми марти соли 1992 гузошта шуд. Яъне, сиёсати давлатии ҷавонон ҳамқадами соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Певои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки имрӯзҳо ҷавонон дар рушди бахшҳои иҷтимоӣ –иқтисодии ҷомеа сарвати асосӣ ва афзалиятнок ба шумор мераванд. Ҷавонон мутаносибан ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон ҳамеша дастгирӣ менамоянд ва шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.

 

Хулоса, имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат барои кору фаъолияти ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Вобаста ба ин, имрӯзҳо ҷавонон дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи Ватани азизамон фаъолияти пурсамар доранд.

 

Чи тавре ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардидааст, солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Воқеан ҳам, агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Ҳамин тариқ, шумораи иншооти варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нуҳ баробар зиёд гардидааст.

 

Имрӯзҳо Тоҷикистони азиз ба як гӯшае табдил ёфтааст, ки кӯҳҳои сарбафалак, чашмаҳои обшораш диққати тамоми сайёҳони дохилу хориҷи кишварро ба худ ҷалб карда меояд. Ин ҳама бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

 

Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷавонон зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар пешрафту созандагии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд, зеро Пешвои миллат дар ҳама соҳаҳои мухталифи кишвар такя ба ҷавонон доранд.

Ҷ. ШАРИФЗОДА,

профессор