Таҳқиқу тадқиқи таърихи рушду ташаккули забонҳои мутаалиқи забонҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикӣ дар асри XIX оғоз ёфта, баъдан дар садаи XX аз ҷониби донишмандони Аврупо ва Шарқ атрофи масъалаҳои мухталифи забон пажӯҳишҳои муфиде ба нашр расидааст.

         Забон дар ҷомеаи инсонӣ муҳимтарин воситаи алоқа, воситаи баёни фикр, мубодилаи он ба шумор меравад. Забон дар давраҳои гуногуни таърихӣ бо дигар забонҳо, ё хешу ошно ва ё аҷнабӣ боҳад, унсурҳои бостонии худро нигоҳ медорад. Инро мо метавонем, ки дар мисоли забони тоҷикии хеш, ки мансуб ба оилаи забонҳои ориёист, мушоҳида намоем. Оид ба забон волотарин суханҳоро Президенти кишвар-Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шудаанд: “Танҳо забон аст, дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”[1].    

         Дар робита ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо забони тоҷикӣ – забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол аст, мақоми ҳуқуқии забонӣ бо ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ таъкид шудааст.                  

Чуноне, ки муаллифи китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” ишора  намудаанд, “то кунун дар забоншиносии мо китоби ҷомеъ  ва асари мустаъқиле дар бораи таърихӣ забони тоҷикӣ вуҷуд надорад, то хонандагони одӣ аз он иттилооти лозмаи таърихӣ ва посух ба суолоти хешро дар мавриди забони модарии хеш пайдо намоянд”.[2]                                 Аз ин лиҳоз Пешвои миллат даричае аз таърихи гузаштаи забони миллии моро ба рӯи миллати баландпарвозу соҳибтамаддунамон кушод, то мардумон аз рӯшноии нури мърифати забони милии гузаштагони хеш баҳравар шаванду бо назари некбинона роҳи ояндасози милатро мунаввар гардонанд.

         Мутолиаи китоб моро аз шебу фарози таърихи миллат гузаштан аз он қадар имтиҳонҳою мушкилоти зиёд ва то ба имрӯз ҳифз намудани мавҷудияти худу забонамон ҳушдор месозад, то ба қадри забони модариамон, ки бо он чӣ қадар асарҳои гаронбаҳо офарида шудаанд ва дар арсаи ҷаҳон ҷовидонӣ маҳсуб мешаванд, ба мисли “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ, “Ал-қонун”-и Ибни Сино, рубоиёти дилпазири Хайём, ғазалиёти бебаҳои Ҳофиз, “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдии ширинкалом ва яке аз аввалин китобҳои илму ҳикмати ҷаҳонӣ “Авесто” бирасем. Садҳо чунин асарҳои бебаҳо мавҷуданд, ки ширинию шаҳди забони шевову шоиронаи моро гувоҳанд ва файласуфи бузурги Олмон Г.В.Ф. Гегел  беҳуда мардуми моро нахустин мардумони таърихӣ нагуфтааст, ӯ мегӯяд: “Форсҳо (тоҷикҳо И.У.) нахустин халқи таърихӣ ба шумор меравад. Онҳо инкишофро ба вуҷуд овардаанд, табаддулот карданд, ки хусусияти таърихӣ дошт. Дар Форс бори нахустин нур афкандаанд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт.

     Дар давлати Форс мо ягонагии соф олиро мебинем, ки ба озодии шахс роҳ мекушояд: нур падидор мегардад, мо ваҳдатро мебинем, ки ба фард ҳукмронӣ мекунад, фақат аз баҳри он ки ҷасоратро бедор кунад, хусусиятҳои махсуси хешро зоҳир намояд. Нур ҳаётбахш аст: вай ба инкишоф мусоидат мекунад. Вай зидди торикӣ аст. Ба шарофати ин-усули фаъолият-ҳаёт зоҳир мегардад. Шарти инкишоф дар таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс оғоз меёбад”.[3]    

         Агар хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро дар бораи ваҳдат, истиқлолият, эҳёи миллат оид ба Ватани азиз, гуфта гузарем, ҷилд-ҷилд китоб хоҳад шуд. Ҳоло мо фақат он китобро, ки моро роҳнамун аст сӯи таърихи рушду такомули забони миллиамон “Забони миллат – ҳастии миллат” сухан хоҳем кард.

         “Забони миллат – ҳастии миллат” иборат аз пешгуфтор ва 6 боб аст. Ҳар боб аз фаслҳои ҷудогона иборатанд. Аввалин боби китоб “Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ”, боби дуюм “Саргузашти таърихии вожаи “тоҷик” ва “забони тоҷикӣ”, боби сеюм “Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор”, боби чорум “Забони навиштории тоҷикӣ; даврони оғозин”, боби панҷум “Даврабандии боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ” ва боби шашум “Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ” номгузорӣ шудааст.

         Боби якум “Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ” ном дорад, ба се бахш, аз ҷумла бахшҳои “Мардуми ориёӣ ва забони онҳо”, “Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ”, “Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурӯҳбандии забонҳои эронӣ” тақсим шудааст. Муаллиф дар бахши аввал, ки “Мардуми ориёӣ ва забони онҳо” ном дорад, оид ба қавмҳои Ориёӣ ва забонашон, ки ба оилаи ҳиндуаврупоӣ мансуб мебошанд, назари худро иброз намуда, ба иртиботи забони мардуми ориёӣ ва хеши он забонҳои дигари ҳиндуаврупоӣ кашшофони ин назария, сарзамини нахустин қавмҳои ҳиндуаврупоӣ маълумот медиҳад ва асноди зиёди илмӣ меорад. Оғози муҳоҷират ба ду шоха – шарқию ғарбӣ, ҳинду эронӣ тақсим шудани забон дар асоси қонуну қоидаи забоншиносӣ, бо ҳам хеш будану ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил шудани Эшон, дар хусуси нажоду сарзамини қабилаҳои мухталифи ориёинажод, аз ҷумла Ҳахоманишиниён, модҳо, тоҷикон ва дигарон, забони хешро забони ориёӣ меноманд, маълумоти ҷолиб медиҳад. Ба қавли муаллиф “аз нахустзабони куҳани ориёӣ эронӣ ва ё нахустзабони ориёни бостон ҳеҷ гуна намуна аз осори хаттӣ боқӣ намондааст”. Идомаи ин забони муштарак аз забонҳои ориёни бостон забони авестоӣ, забони мардумони Мод, форсӣ, суғдӣ хоразмӣ, бохтарӣ, скифӣ ва дигар лаҳҷаҳои бостони сакоӣ маҳсуб мешаванд. Гуфта мешавад, ки “аз забонҳои бостон танҳо аз забони авестоӣ ва ориёни замони ҳахоманишӣ (порсии бостон) осори хаттӣ  дастраси мо қарор дорад. Аз ин забонҳои суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ ва сакоӣ танҳо осори марбут ба давраи миёнаи рушди онҳо то замони мо боқӣ мондааст”. (6, 34-35) “Забони миллат – ҳастии миллат”.

          Бахши дуввуми ин боб “Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ” ном дошта, таърихи ташаккули забонҳои эрониро, дар бар гирифтааст. Муаллиф ин ҷо хидмати муҳаққиқони хориҷӣ, асосан аврупоро махсус қайд кардааст, ки ба зикри чанд осори бунёдӣ ва ҷамъбастӣ, ки ба таҳқиқи забони эронӣ бахшида шудааст, мепардозад. Аз ҷумла, асарҳои “Асосҳои филологияи Эрон” (бо забони олмонӣ), “Асосҳои забоншиносии Эронӣ” (бо забони русӣ), “Роҳнамои забонҳои эронӣ” (бо забони англисӣ) ва дигарон ба ин ҳама муаллиф мегӯяд, ки ҳанӯз оид ба масъалаҳои тамаддун ва фарҳанги халқҳои эронианд, махсусан халқи тоҷик саҳифаҳои норавшани зиёд ҳастанд, ки мавриди баҳс буда, таҳлилу тадқиқи амиқи илмиро хоҳонанд”.    

Муштарак будани забон, фарҳанг, дину суннатҳои орёиҳои Эронӣ ва Ҳиндӣ далели сукунатҳои муштараки тӯлонии ин мардумон дар як сарзамини ягона-воҳид мебошад. Пас аз муҳоҷирати мардумонаи ориёии ҳиндӣ тақрибан дар оғози дуҳазорсолаи пеш аз мелод ба Ҳинд замони ҷудоии ин қавмҳои орёии Эронӣ ва Ҳиндӣ оғоз мегардад. Дар ҳамин рӯзгорон қабила ва қавмҳои орёие, ки дар Осиёи Миёна ва атрофи он мезистанд, ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, яке ба қисматҳои Эрони ғарбӣ ва дигаре бо минтақаҳои Баҳри Сиёҳ ва гирду атрофи он муҳоҷират кардаанд. Қисмати дигар, ки халқиятҳои Суғду Бохтар ва Ориёиву Портро ташкил медоданд, дар ҳамин Осиёи Миёна боқӣ монданд. Бинобар ин давраи мустақилият ва ё аз ҳамдигар ҷудо шудани забонҳои муштараки Эронии Ориёӣ ба шакли Ориёи Ҳиндӣ ва Ориёии Эронӣ оғози даврабандии ин забон ба шумор меравад.

    Эроншиносон, чи хеле ки маълум аст, даврабандии таърихии рушди забонҳои Эрониро аз замони пайдоишии нахустин навиштаҷотҳо ва осор бо забонҳои Эронӣ ба вижа осори забони форсии бостон, ба се давра ҷудо менамоянд:  

  1. Давраи забонҳои Эронии бостон, ки аз замони ҷудошавии забонҳои Эронӣ дар оғози ҳазораи дувуми қабл аз мелод то асрҳои 4-3 пеш аз мелод давом кардааст, яъне аз давраи модарзабонӣ, аз рӯйи маводи забонҳои Ҳиндӣ ва Авестоӣ барқарор менамоянд.

Мувофиқи далелҳо забонҳои Эрони даврони бостон забони форсии бостон забони Авестоӣ аз номи китоби “Авесто” модӣ, аз номи қабилаҳои  Мод ва скифӣ аз номи қабилаҳои Эронии сакоии ҳавзаи Баҳри Сиёҳ ва даштҳои назди Волга мебошад. 

  1. Давраи миёна ё давраи асри миёнагии рушди забонҳои Эронӣ ин марҳила аз асрҳои IV-III пеш аз милод то садаҳои VIII-IX то милод идома дошта, рушди забони эронии форсии миёна, портӣ, суғдӣ, хоразмӣ, сакоӣ, аланӣ (сарматӣ) бохтарӣ (кӯшонӣ, тахорӣ ё балхӣ) мебошад.
  2. Давраи нав ё давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ. Ин давра аз асрҳои VIII-IX баъд аз милод оғоз шуда, то имрӯз давом дорад. Забонҳои нави эронӣ тахминан 40 забонро ташкил медиҳанд: тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, ҳазора, пуштӯ (афғонӣ), осетинӣ (аланӣ), курдӣ, балуҷӣ, тотӣ, толишӣ, гелонӣ, мозандаронӣ (табарӣ), забонҳои помирӣ ё бадахшонӣ (шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, орошорӣ, сарикулӣ, вахонӣ, язғуломӣ, ишкошимӣ, мунҷонӣ, ормурӣ, парачӣ), яғнобӣ забонҳо ё гӯйшиҳои хурди марказ ва ғарби Эрон (яздӣ, габрӣ, натанҷӣ, хурӣ, симнонӣ, ласгардӣ, сурхеӣ, сангисорӣ, шемерзодӣ, токистонӣ ва ғайра).             

Ин даврабандӣ як дараҷа шартист ва ин масъала ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст.

Фасли сеюми ин боб, ки “Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурӯҳбандии забонҳои эронӣ” ном дорад ва ҷолибтарин бахши китоб буда, дар он роҷеъ ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), ки идомаи бевоситаи забонҳои форсии бостон ва миёна ба ҳисоб меравад, ҷойгоҳ ва минтақаи густариши он, забонҳои портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ, нахустин намунаҳои осори забони тоҷикӣ (форсии давраи нав) ва ғайра сухан меравад. Дар асоси сарчашмаҳо ва гуфтори тадқиқотчиён далелҳои забонӣ ва осори боқимондаи хаттӣ маълум мегардад, ки дар шаклгирии меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ забонҳои авестоӣ, модӣ, форсии бостон, форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ таъсири бевосита доранд. Ва забони адабии тоҷикии мо, ки ба ивази забонҳои форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави густариши ин забонҳо ҷойгузини онҳо гардид, меросбари воқеии ин забонҳо мебошад.

Ҳар як боб муҳиммияти хоси худро доранд, ки боби дувуми китоб “Саргузашти таърихии вожаи “тоҷик” ва забони тоҷикӣ” ном дошта низ муҳиммияти хоссаро соҳиб аст, аз панҷ бахш, аз ҷумла бахшҳои “Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ”, “Муродифҳои вожаи тоҷик”, “Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ”, “Замони пайдоиши забони тоҷикӣ”, “Номи забони мо” иборат мебошад. Муаллиф дар ин боб ва бахшҳои он ба мавзӯъҳои муҳими илми забоншиносии тоҷик, ҳам дар асрҳои гузашта ва ҳам имрӯз, таваққуф намуда, оид ба вожаи “тоҷик” ва  “забони тоҷикӣ” муродифҳои он замони пайдоиш, ҷойгоҳи он равшанӣ андохтааст. Мутолиаи ин боб ба тақдири миллат ва кишвари азизи мо басо муҳим аст, хотири худшиносии миллӣ, парвариши рӯҳи миллӣ хеле судманд аст ва хонандаро ҳушдор месозад, роҳнамоӣ мекунад. Бояд қайд кард, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ашхоси роҳгумзадае низ ҳастанд, ки атрофи калимаи тоҷик ва забону адабиёти мо, ки бо ҳарфҳои кириллӣ сурат мегирад, иғвоангезӣ мекунанд, мисле, ки дар гузашта пантуркистон низ мавҷудияти миллати моро инкор менамуданд.

Мутолиаи ин боб моро ба замони давлатдории Сомониён мерасонад, он замоне, ки давраи тиллоии адабиёту фарҳанг маҳсуб мешуд. Китоби Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” равзанаест ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ, ки моро бо давлати миллии аз байнрафтаи мо – давлати Сомониён саҳеҳтару хубтар ошно месозад ва иртиқои муаллиф ба вожаи “тоҷик” ва “забони тоҷикӣ” дар ин боб на танҳо аҳамияти илмиву адабӣ дорад ва хотири забоншиносӣ ва мардумшиносӣ, инчунин аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ, давлатӣ ва миллӣ дорад: суханони худи муаллиф гувоҳи ин ақидаанд: “Дар шароити имрӯз масъалаҳои таҳқиқи таърихи забони мо ва пайдо шудани шохаи нави илмии таҳқиқи ин масъала, яъне тоҷикшиносӣ пажӯҳиши вожаи “тоҷик” ва “забони тоҷикӣ” аз нигоҳи таърихӣ ва забоншиносӣ аҳамияти сиёсӣ ва давлатӣ пайдо кардааст. Ин аст, ки таҳқиқу пажӯҳиши ҷанбаҳои гуногунии тоҷикшиносӣ беш аз пеш тақвият ёбад, зеро дар баробари аҳамияти илмӣ ва амалии ин масъала бештар хусусияти сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайдо мекунад.

Мустаҳкам кардани пояҳои мавҷудияти давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба василаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи унсурҳое, ки ба номи давлат, миллат, сарзамин, ҳувияти миллӣ тааллуқ доранд, аҳамияти фавқулодаи давлативу сиёсӣ касб мекунанд. Аз тарафи дигар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсозии миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллӣ бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад”.[4] 

Ин гуна афкор моро водор месозад, ки ба таърихи пайдоиши гузаштагон ва имрӯзиён диққати бештаре диҳем. Дар ин ҷода мо ба фикри муаллиф, ки дар пажӯҳиши истилоҳи “тоҷик” ба таври илмӣ гуфта мешавад, ки ховаршиносии ғарбӣ таърихи тӯлонӣ дорад, ҳамраъйӣ мекунем. Истилоҳи “тоҷик” ба маънои номи халқ дар “Осиёи Миёна ва минтақаҳои ҳамҷавори он” дар илми ховаршиносии Аврупо ҳанӯз дар нимаи дувуми асри XVIII пайдо шуда буд. Дар китоби “Таърихҳои шарқӣ”, ки дар Париж соли 1773 чоп шудааст, гуфта мешавад: “Ҳама шаҳрҳои Бухорои бузург ва Бухорои хурд то худи марзҳои Чин бухороӣ ҳастанд, ки …сокинони қадимиву бостонии ин диёр мебошанд. Онҳоро “тоҷик ё шаҳрнишин” меноманд”. Дар пажӯҳиши истилоҳи “тоҷик” олимони аврупоӣ нахустгом ҳисобида мешаванд, аз ҷумлаи маъруфиятдоштагон инҳоянд: М. Клапорт, Ж. Сан Мартен, Е.К. Мейендорф, Машкиевич Ф.Д. Семёнов А.А., Хоников Н.В., Вембери А., Будачов Л., Де. Легард, Андреев М.С., Бартолд В.В., Бобринский А., Кримский А., Миллер В., Доровиков А.К., Бернитам А.Н., Умняков И.И., Хромов А.Л. ва дигарон.

Аз олимони тоҷик С. Айнӣ аввалин шахсест, ки дар ин бора мақолаи алоҳида бо номи “Маънии калимаи тоҷик” навиштаанд. Ба қавли С. Айнӣ “калимаи тоҷик аз тарафи шоҳи Эрон ба тоҷикон номи ифтихорӣ ба хотири зиракиву ақлу зеҳни тоза” будааст. Хулосаи аксари муҳаққиқон чунин аст, ки Тоз ё Тоҷ ҳамчун яке аз гунаҳои вожаи “тоҷик” ҳазорҳо сол қабл аз нуфузи арабҳо дар Осиёи Миёна вуҷуд дошт ва ин вожа, баръакс аз ин минтақа, яъне Осиёи Марказӣ ба Осиёи Пеш, Осиёи Хурд, Эрону Байнаннаҳрайн ва дигар маҳалҳо интиқол ёфт. Маъмулан калимаи “тоҷик” ҳамрадиф ва ҳаммаънои ориёӣ, яъне наҷибзодагон будааст. Бо забони имрӯзаи тоҷикӣ, маънои калимаи “тоҷик” мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Имрӯза номи “тоҷик” дар ивази номи этникии эрониёни кунунии ориёӣ омадааст.[5]

Мақолаи Дабири Сиёқӣ “Дар бораи лафзи тоҷик ва тот” низ баъди мақолаи С. Айнӣ муҳимияти хосса дошта, яке аз беҳтарин пажӯҳишҳо маҳсуб меёбад. Мақолаҳои Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ, Саидмуҳаммад Саҷҷодия, Абдулҳамиди Ҷовид, Ҷалолиддини Сиддиқӣ, Алиакбари Деҳхудо, Бобохони Бобоназар, Комил Бекзода, Муҳтарам Ҳотам ва дигарон дар бобати истилоҳи “тоҷик” ва “забони тоҷикӣ” хеле муҳиманд. Аммо маълумоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки муаллифи китоби “Забони миллат – ҳастии-миллат” пеш меоранд оид ба корбари забони тоҷикӣ (дар Тоҷикистон), форсӣ (дар Эрон), дарӣ (дар Афғонистон) дониши моро афзуда, мукаммал менамояд.

Дар матни “Бундаҳшин” дар бораи марде “Тоз” ва зане “Тозик” (хоҳари Тоз) ва “Дашти Тоҷикон” сухан меравад ва гуё тоҷикон аз ин мард сарчашма мегиранд”.[6]

Муаллифи “Забони миллат – ҳастии миллат” ривояте оид ба забони дарӣ дар замони Шоҳигарии Баҳмани Исфандиёр подшоҳи Балх меорад, ки чун мардум аз атрофи олам ба даргоҳи ӯ меомаданд забони якдигарро намефаҳмиданд ва Баҳман забони форсиро вазъ фармуд ва онро дарӣ ном ниҳоданд ва ҳукми Баҳман буд, ки бо ин забон дар даргоҳи подшоҳон сухан кунанд.

Аз муаллифони “Аҳсану-т-тақосим”, “Буҳрони қотеъ”, “Фарҳанги Рашидӣ”, забони дарӣ будани аҳли Бухоро, Балху Марв, Бадахшон таъкид шудааст.

“Маликушшуаро Баҳор менависад: “Забони дарӣ, яъне забони имрӯзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрӯз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда,… сипас ба мағриб ва шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз Ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст. Ин низ як асоси раднопазир, аз тарафи муаллифи “Забони миллат – ҳастии миллат” мебошад”.[7] Маҳмуди Афшор онро ба риштаи назм кашида тасдиқ намудааст:

Дарӣ андар Хуросон парвариш ёфт,

Ки будӣ то ба Чин шарқу шимолаш.

Боби сеюми китоб ки “Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор” ном дорад, моро ба чи гуна сурат гирифтани забони модариамон дар замони истилои араб ошно месозад. Дар фаслҳои “Истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин”, “Наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр”, “Забони модарии мо дар аҳди Тоҳириён”, “Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ” ҳуҷуми ваҳшиёнаи лашкари арабро ба сарзамини Эрону Мовароуннаҳр, муқобилияти сахти мардуми ин сарзаминро хусусан пайкори Сумбоди Муғ, Деваштич, Ғурак, Муқаннаъ, Бобак ва дигаронро ба хонандагон маълумот медиҳад. Мутолиаи ин боб нишон медиҳад, ки садҳазорҳо пайкар беҷон, танҳо бе сар шуда бошанд ҳам, мардуми моро асир карда бойигариашро ғорат карда, мулкашро поймол намуда бошанд ҳам, ниёкони мо пеши бегонагон сар хам нанамудаанд. Дар шикаст ҳам сабзида, дар ҳимояи Ватан бархостанд. Агарчанде ваҳшонияти зиёде ба сари мардуми мо бор шуда ба фарҳангу осори ниёгономон зарару осеби зиёд расид, мардуми мо барои ҳимояи забони миллии хеш, фарҳангу тамаддуну илми худ кӯшид ба душман роҳ надод, ки забони моро аз байн бубарад.

Мисли мардумони Мисру Шом, Ироқ, Сурия ва ғайра, ки дорои фарҳангу тамаддуни қадимӣ буданду ҳувияти худро аз даст дода араб шуданд, мардуми мо тамоми бойигариашро дода бошад ҳам, забонашро фарҳангу таърих, адабиёташро нигоҳ дошт бо аз даст додани садҳо ҳазор ватандӯстону ватанпарастон. Агарчи мардуми мо ислом овард, мисли мисриён, қибтиён, бобулиёну ошӯриён забони худро аз даст надода ва араб нашуд”.[8]

Мардумони мо дар асорати араб низ кӯшиданд, ки маҷбуриятҳои арабро нисбати забон ба фоидаи халқи худ истифода намоянд, ҳатто шеъру шоирӣ ва ривоятҳои насриро, ки ба забони арабӣ эҷод менамуданд, ки мисли араби бараҳна, ки либоси миллии  мардуми форс-тоҷикро ба бар карда бошад менамуд. Аз ин лиҳоз донишмандони араб эҷоди мардуми моро, ки рангу бӯи хоси эронӣ дошт, “адабиёти халқҳои эронитабор бо забони арабӣ меномиданд”.[9]

Агарчанде, ки забони арабӣ дар мулки Эронитаборон 150-200 сол ҳукми забони давлатиро дошт, забони дарии моро аз байн бурда натавонистанд “Ҳамин ҳифзи асолати миллӣ имкон дод, ки замоне барои эҳё ва ривоҷу равнақи забони тоҷикӣ дар аҳди Тоҳириёну Саффориён ва ба вижа Сомониён муҳайё гардад”[10]

Боби чаҳорум ки “Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин” ном дорад, аз бахшҳои “Куҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ”, “Нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ”, Замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ”, “Забони илм ва ташаккули истилоҳот” иборат аст.

Муаллиф дар ин боб дар бораи аҳамияти хат, таърихи пайдоиши он, кашфи он, аз ҷумла оид ба хатти оромӣ, алифбои бохтарӣ вуҷуди хатти юнониасос ва арабиасос аввалин намунаҳо аз осори шифоҳӣ, хаттӣ, ки то замони мо расидаанд, мисолҳо меоранд, ки намунае чанд ин ҷо меорем:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо?

Чу надорад ёр, бе ёр чи гуна равадо?

                                                         Абуҳафси Суғдӣ[11]

Ҷои дигар:

Эй амире, ки амирони ҷаҳон – хосаву ом:

Бандаву чокару мавлову саги банду ғулом.

Азалӣ хатте дар лавҳ, ки мулке бидиҳед,

Ба Абиюсуфи Яъқуб бинни-л-Лайси Ҳумом.

Муҳаммад ибни Восиф[12]

Боби панҷуми китоб бо номи давраи “Болидагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ” нашр шуда, аз бахшҳое ба мисли “Забони модарии мо дар аҳди Сомониён”, “Вижагиҳои забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён”, “Забони модарии мо дар аҳди Ғазнавиён ва ё Повандиён”, “Забони модарии мо дар аҳди Оли Буя” иборат аст.

Дар ин боб ба баррасии яке аз давраҳои дурахшони забони модарӣ забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) бахшида шудааст. Ин давра давраи шукуфоии забони тоҷикӣ шуморида шудааст, ба корнамоиҳои Сомониён ва бунёдгузории давлати миллӣ – Исмоили Сомонӣ алоқамандӣ дорад.

Дар бораи сиёсати давлатдорӣ адолатпешагӣ муҳаббати ӯ ба забони модарӣ дар китобҳои таърихи пешиниён ахбори ҷолиб дарҷ шудааст. Агарчанде, дар таърих Исмоил ибни Аҳмад (849-807) маъруфтарин амири силсилаи сомонист, ки дар муддати давлатдориаш тадриҷан заминаҳои иттиҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро муҳайё сохт ва давлати бузурги Сомониёнро дар Хуросони бузург барпо кард, “даврони Наср ибни Аҳмад авҷи шукуфоии давлатдории Сомониён маҳсуб мешавад. Ӯ ба забони адабии тоҷик (форсӣ, дарӣ) меҳру муҳабатти зиёд дошт ва устод Рудакӣ маликушшуарои дарбори ӯ буд”.[13] Таъсиси девони даҳгона низ дар давраи шоҳигарии Наср ибни Аҳмад рост меояд.

Амирони Сомонӣ барои рушди фарҳангу тамаддун ва забони адабии миллӣ (форсӣ, дарӣ), ки мояи ифтихори эронинажодҳо маҳсуб меёфт, кӯшиши зиёд намудаанд. Дар даврони шоҳигарии Сомониён забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ забони расмии давлатӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду болидагӣ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид.

Як силсила олимону шоирон дар ин давра ба илму дониш ва фарҳанг фарогир шудаанд, ки чанде аз онҳо шуҳраи офоқ гардидаанд. Бузургии Рӯдакӣ дар асосгузории забони форсӣ-дарӣ ва панду ҳикматҳои беамсолаш бошад, бузургии Фирдавсӣ дар шоҳкории забони адабии тоҷикию форсӣ, дарӣ дар эҷоди “Шоҳнома”-и беназир аст, ки 60 ҳазор байтро дар бар мегирад ва худи ӯ бо ифтихор мегӯяд:

Биноҳои обоб гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Ҷои таассуф аст, ки дар замони Ғазнавиён, ки зоҳиран худро адабиётдӯст нишон медоданд, дар фикри шуҳрату шони худ буданд, агарчанде, худро пайравони Сомониён нишон медоданд, шоирони дарбории онҳо ба мисли Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ба мадҳу ситоиши Ғазнавиён мепардохтанд, ки дар мисоли мисраъҳои Фаррухӣ бараъло намоён аст, нақши Султон Маҳмуд бартар аз Рустам ва Ҳушанг омадааст:

Эй ба лашкаршиканӣ бештар аз сад Рустам,

Эй ба ҳушёрдилӣ бештар аз сад Ҳушанг.

Шоирони дарбори Ғазнавиён, ки аз андешаҳои ниҳоии Султони худ ба хубӣ дарак доштаанд, “Шоҳнома” ва қаҳрамонони онро ба назари бадбинона паст мезаданд.

Боби шашум боби охирини китоби “Забони милла – ҳастии миллат”  мебошад. “Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ” ном дошта, аз панҷ бахш иборат мебошад, густариши забони тоҷикии моро дар минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла сарзаминҳои Ҳинду Синд, Осиёи Сағиру Сурия нишон дода мегузарад. Чи хеле, ки муаллиф қайд менамояд, ин кор ибтидо бо лашкаркашиҳои Ғазнавиён, аз ҷумла Сабуктегин ва Маҳмуди Ғазнавӣ оғоз мегардад. Ба қавли муаллиф “дар охири давлатдории Ғазнавиён шаҳри Лоҳур маркази салтанати онон қарор гирифт ва шоирони ҳиндуаслӣ форсисарое моанди Абулфараҷи Рунӣ ва Масъуди Саъди Салмони Лоҳурӣ ба сурудани шеърҳои тоҷикӣ (форсӣ) шурӯъ намуданд”.[14]

Дар замони шоҳигарии Салчуқиён низ забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони расмии аҳли дарбор маҳсуб мешуд ва дар дарбори онон шоироне мисоли Фахруддини Гургонӣ, Носири Хусрав (муддате) Низомулмулк, Умари Хайём, Муиззӣ, Адиб Собир, Анварӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Қатронӣ, Табрезӣ, Асадии Тӯсӣ, Хоқонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Аттор, Мавлавӣ, Ғаззолӣ ва дигарон фаъолият ва эҷодкорӣ намудаанд. Бо ҳарфе дигар забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) шоҳкориҳои ҷаҳонӣ офаридаанд. Новобаста аз ҳодисаҳои рӯзгор, саҳифаҳои тираву тори номусоиди таърихӣ аз ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Искандари Мақдунӣ, хилофати араб, Чингизи хуношом миллати мо тавонистааст, ки вижагиҳои ноби забони асилро дар худ нигоҳ дорад. Бо забони пуртавону пурқудрати замон – забони идориву давлатӣ арабӣ истодагарӣ намудааст, ба забони байналмилалӣ дар сарзаминҳои васеъ мисли Ҳинду Чин то Осиёи Сағир табдил ёфтааст.

Китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро хонда ба чунин хулоса омадан метавон, ки он арзиши баланди илмию адабӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихӣ дошта, нахусткитобест, ки хонандаро аз таърихи забон, пайдоиши он маконаш ва саҳифаҳои тираву тор ва дурахшони таърихиаш, ки ба шукуфоиву боландагӣ пар кашидааст, огоҳ месозад. Забони мо борҳо зери чангу ғубори аҷнабиён лагадмол шуда, борҳо сӯхтаву хокистар шуда ва мисли ахгаре аз зери тӯдаи хокистар шуъла зада, чун нури маърифат ва илму адаб сар кашида, волоият, арзишмандию ҳуввияти миллии хешро парвоз бахшидааст, ки то имрӯз тақдиру қисмати мардуми воломанишу наҷиби моро чун оинаи рӯ ба рӯ акс мебахшад гиромидошти забони илму ирфон, сиёсатмадорӣ, корхонаҳои давлатӣ чун забони тамаддуни бузург дар гузаштаву имрӯзаву оянда пос дорем, қадраш кунем.  

Чуноне, ки Бозор Собир мефармояд:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандораст ӯ,

То забондор аст бисёр аст ӯ.

 

Холмоҳ Ҳасанова,

мудири китобхонаи ДДБ

 ба номи Носири Хусрав

 

 

 

Адабиёти истифодашуда:

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе 2016.
  2. Э. Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Ҷ. 1. – Душанбе, 2016, саҳ. 491.
  3. Э. Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих аз Ориён то Сомониён. Ҷ. 1 – Лондон, 2000 саҳ. 268.
  4. Забон шаҳсутуни бинои маънавии миллат. – Душанбе, 2019. – Саҳ. 234.
  5. Таърихи тамаддуни Ориён. Иброҳим Умар. – Душанбе, 2006. – Саҳ. 558.
  6. Н. Тоҷов. К. Ҳусейнов, М. Тоҷов. Фарҳангшиносӣ. – Душанбе, 2012. – Саҳ. 296.
  7. А. Ҳабибӣ. Забони 2000 солаи афғон таҳлили китоби Сӯрхкутали Бағлон. – Душанбе, 2019. – Саҳ. 152.
  8. М. Ҳотам. Тоҷик. – Душанбе, 2016. – Саҳ. 160.
  9. Б. Собир. Ба чамидан бо чашидан. – Душанбе, 1987. – Саҳ. 234.
  10. С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. – Душанбе, 2010. – Саҳ.420.
  11. Б. Ғафуров. Тоҷикон. – Душанбе, 1998. – Саҳ. 412.

 

 

 

 

 

[1] Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат-ҳастии миллат. Душанбе, 2016-516 саҳ. С. 3.

[2]Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат ҳастии-миллат ҷ.1 –Душанбе 2018-с.22.

[3] И. Умарзода. Таърихи тамаддуни Ориён. – Душанбе – 2006. Саҳ. 8.

[4] Эмомали Раҳмон Забони миллат ҳастии-миллат ҷ.1 –Душанбе 2018-с.80

[5] Эмомали Раҳмон Забони миллат ҳастии-миллат ҷ.1 –Душанбе 2018-с.81-89

[6] Эмомали Раҳмон Забони миллат ҳастии-миллат ҷ.1 –Душанбе 2018-с.89

[7] Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат– ҳастии миллат. ҷ.1. –Душанбе 2018-с.119.

[8] Забон шаҳсутуни бинои маънавии миллат. – Душанбе, 2019. Саҳ. 30.

[9] Эмомалб Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат, ҷ.1. – Душанбе, 2016, с.17.

[10] Забон шаҳсутуни бинои маънавии миллат. – Душанбе, 2019.  – Саҳ. 31.

[11] Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат, ҷ.1. – Душанбе, 2016, с.226.

[12] Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии-миллат, ҷ.1. – Душанбе, 2016, с.229.

[13] Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат, ҷ.1. –Душанбе, 2016, с.263.

[14] Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. ҷ.1 – Душанбе, 2016, с.361.