Дар кафедраи андоз ва андозбандӣ дар гурӯҳи 206-и ихтисоси идораи мақомоти маҳаллӣ дарси кушод дар мавзӯи “Андоз аз даромад” гузаронида шуд.

Дарс тариқи интерактивӣ доир шуда, методҳои фаъоли таълим ба монанди тахтаи синф, муаррифӣ, айёният, амалӣ, намоиши адабиёти илмӣ ва ғайра мавриди истифода қарор гирифт.

Аз ҷониби омӯзгор Фарҳоди Қаҳор, оид ба спорандагони андоз, объекти андозбандӣ, манбаи андоз аз даромад фаҳмонида шуд.  Зикр гардид, ки даромад дар шакли музди меҳнати андозбандишавандаи шахши воқеӣ –ғайрирезидент бо меъёри 25% андозбандӣ карда мешавад.

Ҳамзамон, дар рафти дарс оид ба имтиёзҳои амаликунандаи андоз аз даромад баррасӣ шуда, мустаҳкамкунии мавзӯъ ба роҳ монда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар дарси кушод омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Шодмон БАҚОЕВ