Имрӯз 25-уми феврали соли 2021 дар асоси нақша-чорабиниҳои муштарак дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Парвиз Одинамаҳмадзода, кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Раҷабзода Холмурод, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, кормандони раёсати донишгоҳ, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат намуданд.
Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ зимни ифтитоҳи вохӯрии мазкур иброз дошт, ки бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар ҷумҳурии мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Давлатзода Сайфиддин, ҳамзамон зикр намуд, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест ва дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Парвиз Одинамаҳмадзода, кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳангоми суханронӣ таъкид намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Он асосҳои демократияро заиф сохта, волоияти қонунро коҳиш дода, боварии шаҳрвандон ва муассисаҳои давлатиро аз байн мебарад. Таъсиси Раёсати Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия ҷиҳати коҳиш додани сатҳи коррупсия дар ҷумҳурӣ нақши бориз дорад.
Илова бар ин, Парвиз Одинамаҳмадзода зикр намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам месозад. Маҳз чунин нишонаҳо сабаби поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегарданд.
Сайфиддин Давлатзода, ректори донишгоҳ дар қисмати мубодилаи афкор атрофи масъалаи мазкур иброз дошт, ки мо, ҷомеаи зиёӣ ва омӯзгорони пуртаҷриба дар ҳамдастӣ бояд ба ин падидаи зараровари ҷомеа мубориза барем ва пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем то ҷавонон ба ин аъмоли носазо даст назананд.
Дар охир бо намояндаи Раёсати Агентӣ музокироти ошкоро барпо гардид. Баъд аз саволу ҷавобҳо вохуриро Давлатзода Сайфиддин ҷамъбаст намуда ба меҳмон барои сӯҳбати пурмуҳтаво ва муфид изҳори миннатдорӣ баён карда аз онҳо баҳри ҳамкории минбаъда даъват ба амал овард.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ