Аз он рӯзи фархундае, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гашту дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустаъқилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд расо 30– сол сипарӣ мешавад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи куҳанбунёд ва сарафрози тоҷик ҷиҳати рушду такомул ва бунёдкорию созандагӣ имконияти мусоид фароҳам овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли хирадмандӣ Истиқлолиятро чунин тавсиф намудаанд. «Истиқлолият ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва соҳибдавлативу соҳибватанӣ аст».

Воқеан ҳам, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ватани маҳбуби мо ба марҳилаи ифтихори таърихи хеш ворид гашт, пояҳои давлатдориашро мустаҳкаму устувор сохт, соҳиби муқаддасоти миллӣ гардид ва муҳимтар аз ҳама дар ниҳоди кулии сокинони кишвар ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, башарпарварӣ неру гирифт. Сарвари мамлакат дар паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон фаъолияти минбаъдаи аҳли мамлакатро ба таври зер муайн намуданд; «Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодӣ дар ҷаҳон идома дошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон се ҳадафи стратегии дар наздашон қарор дошта, яъне Истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ, тавваҷуҳ ба фанҳои дақиқ, табиатшиносию риёзӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунем».

Дар самти татбиқи ин вазифаҳои ватандӯстонаи пешниҳоднамудаи Сарвари кишвар саҳмгузорӣ намудан вазифаи пурифтихори ҳар як фарди шарафманди миллати азизамон хоҳад буд. Табиист, ки дар симои пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе шукуфоии миллат ва пешрафту комёбиҳои мамлакат бештар ва равшантар гардида, шаҳрвандони пойтахт ҳамвора бад -он мекушанд, ки асосҳои Истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллиро қавитар созанд ва комёбиҳои хешро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт рӯзафзун намоянд.

Имрӯз мо халқи саодатманди тоҷик фахр аз он дорем, ки дар оғӯши ватани маҳбубамон ҷумҳурии соҳибистиқлол ва кишвари шукуфон зиндагию фаъолият дорем. Шукргузорӣ менамоем, ки дар мамлакат Ваҳдати миллӣ, сулҳи нишотбахш ҳукмфармост ва саросари диёри арҷмандамонро рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва ифтихори миллӣ фаро гирифтааст. Ифтихормандем, ки давлати моро абармарди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамост ва бо дастуру ҳидоятҳои ватанпарастонаи ин родмарди таърих фардо бо комёбиҳои бештару пурарзиштар ноил хоҳем гашт.

Мулки обод аст Истиқлоли мо,

Нахли шамшод аст Истиқлоли мо.

Сад қафас бишкасту дар парвоз шуд,

Мулки озод аст Истиқлоли мо.

Бояд аз дил саҷдаи шукрона кард,

Каъбаи ёд аст Истиқлоли мо.

Муродҷон АКРАМОВ,

омӯзгори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ