Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим мебозанд. Дар баробари ин интернет ба ҳаёти инсонӣ таҳдиду хатар низ расонида метавонад.

Имрӯз масоили муҳими доғи ҷомеа ва ҷаҳон терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад. Терроризму экстремизм ҷинояти мутташакили фаромарзӣ буда, ба мураккаб  гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд. Маврид ба зикр аст, ки таъсис додани ҷамъиятҳо ва шабакаҳои нав дар интернет, паҳн намудани ҳар гуна маълумоти бардурӯғи хусусияти террористӣ дошта, тафриқаандозӣ миёни ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамарӯза кори ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои экстремистӣ мебошад. Ин ҷиҳатро ба назар гирифта, мо- тамоми мардуми кишвар, ба ҷои ҳар гуна ҳарзагӯӣ дар интернет, маълумоти бардурӯғу беасоси онҳоро фош намуда, ба воситаи хомаи созандаи хеш паҳшавии онҳоро пешгирӣ намоем.

Ҷаҳони муосир имрӯз дар банди моҷарову муаммоҳои сиёсӣ қарор дошта, зуҳуроти номатлубу даҳшатборе чун терроризму экстремизм ба амнияти давлату кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба маҷлиси олии кишвар зикр намуданд, амалҳои террористӣ соли сипаришуда дар беш аз 100 давлати дунё ба вуқӯъ пайваст.

Бино бар иттилоъ, дар аксар кишварҳои дунё барои паҳн нагардидани ҳар гуна маълумоти бефакту далел баҳри таъмини бехатарии амнияти иттилоотӣ бахшҳои махсуси давлатӣ фаъолият доранд. Ин гуна шабакаҳоро фавран баста менамоянд, то ки ба кишвари дигаре халал ворид насозанд. Барои амнияти кишвари хеш ва фаъол нагардидани чунин маълумотҳо чораҳо андешида, сади роҳи ин гуна ғояҳои характери террористидоштаро мегарданд. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади таъмини амнияти бехатарӣ, шабакаҳои интернетии минтақаро хомӯш месозанд. Дар кишварҳои Аврупо, ИМА, Сингапур бошад, айни замон мубориза бар зидди паҳншавии маълумоти бардурӯғ гузашта истодааст. Бояд гуфт, ки асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро Конститутсияи Ҷумҳурии

Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳанд.

Вазъияти ҳассоси сиёсии кишварҳои минтақаи ҳамсоя, амал намудани ҳаракатҳои ифротӣ дар онҳо, моро водор мегардонад, ки бештар ҷиҳати бехатарии амнияти иттилоотӣ назар андӯхта, онро пурзӯр намоем, то қуввае зиёдтар аз мо набарояд. Бештаре аз гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, алалхусус ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзат ва «Давлати исломӣ» афзудани пайравони худро маҳз ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо усули мағзшӯи ба роҳ мондаанд.

Дар дигар давлатҳо барои пешгирӣ намудани ин гуна ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат ба фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад, қонунҳои махсус амал менамоянд ва ҷинояткорон ба ҷазо гирифтор мешаванд.

Тоҷикистон ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеаи башар аст ва тамоми талаботи асосӣ дар роҳи истифодабарии интернет вобаста ба меъёрҳои таъиншудаи байналмилалӣ риоя мегардад. Шабакаи интернетии Тоҷикистон ба шабакаи умумиҷаҳонӣ пайваст аст, дохил гардидан ва интиқол ёфтани ҳар гуна маълумоти характери зидди арзишҳои миллӣ ва амнияти кишвар ба шабакаи мо аз эҳтимол берун нест.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои хеш таъкид намуданд, «…яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстемистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расондани кӯмаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳими комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад».

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри пешгирӣ ва бехатарии амнияти иттилоотӣ аз ҳар гуна маълумоти бардурӯғи қувваҳои нохалаф, ки зидди арзишҳои миллӣ пахш мегарданд, муборизаи дастаҷамъона барем.

САФИР, «Фурӯғ»