Бо пайгирӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, № АП –1339 дар бораи баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идораи рӯзномаи «Фурӯғ» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз озмуни умумидонишгоҳии «ФУРӮҒИ ШЕЪР»-ро эълон менамояд.

ШАРТҲОИ ОЗМУН:

1.Ифоданок хондан ва аз ёд кардани на камтар аз 100 рубоии Умари Хайём бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

2. Ифоданок хондан ва аз ёд кардани на камтар аз 100 ғазал аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ.

Масъулони баргузории озмун кафедраи адабиёти тоҷики факултети филология буда, деканҳо, созмони ҷавонон ва бонувони донишгоҳ дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

 

Дар озмун донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳои ҳама факултетҳои донишгоҳ имкони иштирок кардан доранд. Озмун аз 18.02.2021 то 17.03.2021 идома ёфта, ғолибони озмун дар ҷашни байналмилалии Наврӯз қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Ғолибони озмун бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ ОЗМУН