Имрӯз 27-уми феврали соли 2021 донишҷӯёни гурӯҳи 107-и ихтисоси аудит ва риевизия зери роҳбарии М. Раҷабов, куратори гурӯҳ ва омӯзгори фанни “Таърих” Ҳасанҷон Худойқулзода ва гурӯҳи 105-и ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳувияти миллӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз таърихи халқи худ, шиносоӣ бо ҳаёти шахсиятҳои бузурги миллат аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авесто” дидан намуданд.

Донишҷӯёнро шахсони масъули осорхона истиқбол гирифта, бо онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхона намуда маълумотҳои муфид доданд.
Ҳамчунин донишҷӯён бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик шинос гардида, аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.