Дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишии вилояти Хатлон мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни бонувони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бахиша ба Рӯзи модар баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ, ки дар толори варзишии донишгоҳ доир гардида дар он Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар ин мусобиқа бонувони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо дастаҳои ташкилотҳои вилоятӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа дастаи бонувони донишгоҳ сазовори ҷойи 1 ва миёни муассисаҳои вилоятӣ донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо ҳам қувваозомӣ намуданд. Дар натиҷа дастаи донишҷӯдухтарони донишгоҳ сазовори ҷойи 1 дониста шуда, ғолибон бо ҷом ва медалу сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.