Дар факултети иқтисодӣ муҳокимаи диссертатсияи Дӯстзода Мустафо Ҳафиз, омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзўи “Такмили сохтори иқтисодиёти соҳаҳои кишоварзӣ (дар асоси маводи соҳаҳои кишоварзии вилояти Хатлон)” баргузор гардид.

Дар муҳокимаи диссертатсия устодон Н. СадриддиновШарифхон БаротзодГулов Қодир, Шариф Раҳимов ширкат варзиданд.

Дӯстзода Мустафо Ҳафиз, зимни баромад оид ба аҳамияти таҳқиқоти диссертатсионӣ баромад намуда зикр кард, ки ҳадафи таҳқиқоти диссертатсионӣ коркарди муносибатҳои назариявию методӣ ва пешниҳодоти амалӣ доир ба арзёбии тағйийроти сохтрӣ ва такмили сохтори иқтисодиёти кишоварзии вилояти Хатлон. Объекти таҳқиқот бошад иқтисодиёти соҳаи кишоварзи, субъектҳои хоҷгидори он ва сохтори ташаккуёфтаи аграрии вилояти Хатлон ташкил медиҳад.

Дар ин баробар гуфта шуд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсия дар 6 навгонӣ нишон дода шудаанд, ки аз асосноккунии назариявӣ ва таъмини методии арзёбии тағйийроти сохтори иқтисодиёти кишоварзии ва асоснок намудани пешниходот доир ба такмили сохтори таркибии истеҳсолоти кишоварзӣ, ки самаранокии он ва афзун намудани маҳсулоти озуқаврӣ мусоидат менамоянд.

Сипас, муқаризон ва иштирокчиён оид ба диссертатсияи мазкур баромадҳо намуданд.