Имрӯз 5-уми марти соли 2021 бо ибтикори кафедраи методикаи таълими физика бахшида ба солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мизи мудаввар баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро Мурод Холмуродзода, декани факултети физика  ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

 

Бояд зикр намоям, ки дар марҳилаи ҳозираи инкишофи илму техника барои ҳамқадами замон будан, эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» амали зарурӣ ва саривақтист.

 

Сипас, И. Гулаев, мудири кафедраи  методикаи таълими физика дар мавзӯи “Дастовардҳои кафедра дар самти 20 солаи рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ”, М. Бубиев, саромӯзгори кафедра дар мавзӯи “Методика намоиши ҳодисаи даррафт (диффузия) аз фанни физика дар синфи 7” ва Ш. Асадуллоев, омӯзгори кафедра дар мавзӯи “Омӯзиши қонуни бақои энергия ҳангоми барқароршавии мувозинати ҳароратӣ” маърӯза намуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ