Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори Рӯзи Модар

Модарони гиромиқадр, хоҳарони арҷманду бонувони меҳрубон! Имрӯзҳо ба кишвари азизамон Тоҷикистон фасли баҳор бо қадамҳои сабзи Наврӯзи фаррухпай фаро мерасад. Тавъам омадани ду ҷашн – Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо рамзи шукуфоии сарзамини аҷдодиамон Тоҷикистон буда, модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст.

Аз ин рӯ, ҳамаи шумо – кулли модарон ва занону бонувони иззатмандро ба муносибати Рӯзи модар ва айёми истиқболи Наврӯзи Аҷам самимона табрик гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад, зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Беҳуда нест, ки дар ҳама давр сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори онро аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян мекарданд, аз рӯи он арзёбӣ мегардид, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд. Хушбахтона, имрӯзҳо Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақомоти роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Ҳадафи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад. Тавре маълум мегардад, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо дарназардошти бахши хусусӣ беш аз як миллион занону духтарон фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда 45 фоизи шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат низ торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 1000 нафар занони донишманд ва бомаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мутахассисони ботаҷриба аз ҷумлаи занон ба корҳои масъули давлатӣ ҷалб шуданд. Вале замони имрӯза тақозо менамояд, ки ба ин масъала муносибати боз ҳам ҷиддитар намоем. Бинобар ин, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардуми кишвар, бахусус фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои занони мамлакат минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат идома ёфта, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамояд. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар донишгоҳамон саҳми бонувон ва донишҷӯдухтарон дар андухтани илму дониш ва кори таълиму тадрис басо назаррас аст. Занону духтарон ба ғайр аз вазоифи ҳидматӣ ва омӯхтани илму дониш, инчунин дар корҳои ҷамъиятии чӣ донишгоҳ ва чӣ шаҳру вилоят фаъолона ширкат меварзанд. Модарону хоҳарон ва бонувони арҷманд! Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми занону модарон ва бонувонро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки бо гузашти якчанд рӯз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям. Ҳамеша осудахотиру сарбаланд бошед. Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!