Имрӯз 6-уми марти соли 2021 дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона баргузор гардид.

Маҳфили идонаро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуд.

Зикр намуд, ки воқеан ҳам Рӯзи модар, ки бо Фармони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос пазироӣ мешавад.

Баъдан аҳмадкарим Шариповраиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ бо сухани табрикотӣ баромад намуданд.

Сипас, Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори факултети филологияи тоҷик дар мавзӯи “Мавқеи занону бонувон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” маърӯза намуд.

Дар ин рӯз аз ҷониби ректори донишгоҳ ба 307 нафар бонувон маблағи пулӣ ва раиси Кумиттаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ юа 58 нафар занони собиқадор ва бонувони донишгоҳ бо тӯҳфаҳои идона қадршиносӣ шуданд. Ҳамчунин, ба 6 нафар занон – кормандони фаъоли донишгоҳ  бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар тақдим гардид.

Дар охири барномаи фарҳангии чорабиниро дастаи ҳунарии “Левакант”-и донишгоҳ ташкил намуд, ки он фарогири бузургиву рисолати модарро ифода мекард.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ