Дар факултети иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Касби ман – ифтихори ман” доир гардид, ки дар он П. Раҳимзода, декани факултети иқтисодӣ,  Х.Ҷӯраева, муовини декан илм ва инноватсия,  Б. Шодиев, мудири кафедраи таҳлилӣ иқтисодӣ ва аудит, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Донишҷӯён Ш. Темиров, Ҷ. Гадоев ва И.Самадов дар мавзӯи “Касби ман – ифтихори ман” маъруза намуда, зикр карданд , ки интихоби касб бояд дар кас бо як фикри дурандешонаву ҷиддӣ ва таҳаммулпазир пайдо гардад, зеро барои омухтану соҳибкасб гаштан машаққатҳои зиёд пеш меоянд.

Ҳунарвар ва соҳибкасб ҳамеша соҳибиззат аст, зеро заҳмати бепоёнаш ҳамеша ба хонадонаш сарбаландӣ меорад. Сарбаландии ҳар як қавм натиҷаи меҳнату машаққати худи уст. Ифтихори ҳар як соҳибкасб мояи ранҷи пурмаҳсули уст, ки осон ба даст намеояд. Баҳри ҳар як ободӣ ва бурдбории зиёд меҳнати ҳалол мебояд.

Дар охир, зикр гардид, ки интихоби пешаи дурусту манфиатбахш тамоми умр ба инсон хушию сурур, рӯзгори осоишта ва хони обод меорад. Сохибкасбон ҳамеша соҳибиззатанд. Ифтихори бузург танҳо аз ҳунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд.