Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ибтикори Сафорати Россия, гушаи “Забони русӣ”-ро таъсис дод.
Бо мақсади боздид аз ин маркази забономӯзи Емельянов Игорь Николаевич ва Филипенко Инесса Анатольевна Намояндаи, намояндагони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, Толибҷон Содиқов, муовини ректор оид ба иқтисоди Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба ДДБ ба номи Носири Хусрав ташриф оварданд.
Меҳмононро дар саҳни донишгоҳ Икромуддин Фатҳуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва Хушдил Ҷабборов сармутахассиси робитаҳои байналмилалӣ пешвоз гирифта макони ҷойгиршавии марказро аз наздик шинос шуданд.