Имрӯз 10-уми марти соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади ҳавасманд намудани донишҷӯён дар рушди қобилияти илмӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ,  такмили фаъолияти ҷустуҷӯи мустақилона, таъмин ва татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботӣ, аз бар намудани донишҳои замонавӣ, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва дарёфти чеҳраҳои лаёқатманди дорои захираҳои илмию зеҳнӣ озмуни “Беҳтарин донишҷӯи сол” баргузор гардид.

 

Ҳамзамон, бобати дар сатҳи баланд ва шаффоф доир гардидани озмуни мазкур тибқи фармоиши ректори дошигоҳ Комиссияи тадорукотӣ барои муайян намудани номзади арзанда таъсис дода шуд. Дар даври сеюми озмуни мазкур 8 нафар донишҷӯёни факултетҳо иштирок намуданд.

 

Дар охир Комиссия дар мувофиқа бо кумитаи тадорукот бо назардошти холҳои бадастовардаи донишҷӯён озмуни «Беҳтарин донишҷӯи сол»-ро ҷамъбаст намуда, ҷои 1-ум ба Ибрагимов Азизулло Хуршедҷонович, донишҷӯи курси 5уми факултети химия ва биология, ҷойи 2-юм Шодиева Фархунда Маҳмадовна, донишҷӯи курси 4уми факултети филологияи тоҷик, ҷойи 3-юм ба Амирзода Афсона Умархон, донишҷӯи курси 3-юми факултети сиёсат ва идора давлатӣ дода шуд.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки донишҷӯёне, ки дар давраи сеюми озмуни «Беҳтарин донишҷӯи сол» фаъолона ширкат варзиданд, барои ҳавасмандгардонашон аз тарафи раёсати донишгоҳ дар чорабиниҳои тантанави қадрдонӣ карда мешавад.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ